Хабарҳо
Нақши иқтисодиёти рақамӣ дар рушди иқтисоди миллӣ
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади инкишоф додани соҳаҳои гуногун рақамикунонӣ ҷорӣ шуда истодааст, ки таъсири он бештар ба иқтисодиёт равона гардидааст. Бахшида ба ҳамин масъала санаи 30-юми ноябри соли равон бо ташаббуси Раёсати илм ва инноватсия дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон семинари доимамалкунандаи умумидонишгоҳии «Муҳаққиқони ҷавон» дар мавзӯи «Нақши иқтисодиёти рақамӣ дар рушди иқтисоди миллӣ» баргузор гардид. Семинарро муовини ректор оид ба илм Сафаров Б. ҳусни оғоз бахшида, дар мавриди иқтисодиёти миллӣ, рақамикунонии иқтисодӣ ва амсоли ин фикру андешаҳояшро иброз намуд.
Пасон унвонҷӯи бахши сеюми кафедраи молия Нурмаҳмадова Р. оид ба «Ҷанбаҳои назариявии ташаккули сиёсати иҷтимоию иқтисодии минтақа дар шароити муосир» маърӯза ироа кард. Мавсуф зимни баромадаш дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон, унсурҳои гуногуни низоми минтақавӣ, маҷмӯи таносубҳо, ташаккули муҳити иҷтимоию иқтисодӣ ва нақши давраҳои такрористеҳсолӣ фикру андешаҳояшро баён кард.
Баъдан сармутахассиси раёсати илм ва инноватсия Неъматуллои М. дар мавзӯи «Нақши иқтисодиёти рақамӣ дар рушди иқтисоди миллӣ» маърӯза ироа намуд. Мавсуф зимни баромадаш оид ба рақамикунонии иқтисодиёт ва манфиатҳои то имрӯз дар ин самт бадастомада ва раванди амалӣ намудани «Ҳукумати электронӣ» маълумоти муфид дод.
Дар бахши суолу ҷавоб ва музокирот устодону донишҷӯён хеле фаъол буданд. Семинар барои аҳли нишаст судманд гузашт.
Ифтихор Юсуфов