Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Назарпурсии донишҷӯёни курсҳои якум

Назарпурсии донишҷӯёни курсҳои якум

Рӯзи 1 декабри соли равон аз тарафи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни курсҳои якуми ихтисосҳои хадамоти гумрук, иқтисоди ҷаҳон, кори бонкӣ, технологияҳои иттилоотӣ дар ҳисоби бухгалтерӣ, иқтисодиёт ва идора дар корхонаҳои хурду миёна, менеҷменти инвеститсионӣ, таъмини ҳуқуқии фаъолияти гумрукӣ дар умум дар байни 150 нафар пурсиш гузаронида шуд. 
Пурсишро Маҳмадалӣ Раҳмонзода, муовини директори ММТ назди Президенти ҶТ ва Замира Абдусаломзода, котиби матбуотии ММТ гузарониданд. 
Тавре гуфта шуд, мақсади гузаронидани пурсиш ин муайян кардани фикру андешаҳои донишҷӯёни соли якуми хониш дар бораи низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ва маълум намудни баъзе аз масъалаҳои марбут ба имтиҳонҳои мазкур ҷиҳати бартараф кардани мушкилоту камбудиҳо, такмили низоми мазку рва дар сатҳи боз ҳам хубтар ба роҳ мондани он мебошад. 
Ёдовар мешавем, ки ин гуна пурсиш аз соли 2007 дар байни донишҷӯёни курсҳои якум гузаронида мешаванд. 


М.Абдуллоева