Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Тавзеҳи заминаҳои ҳуқуқии муқовимат бо коррупсия

Тавзеҳи заминаҳои ҳуқуқии муқовимат бо коррупсия

“Дар тамоми давраи рушди тамаддуни башарӣ коррупсия ҳамчун зуҳуроти номатлуби иҷтимоӣ садди роҳи инкишофи иқтисодиёт ва ҷомеа гашта, суботу оромиро халалдор ва боварии мардумро ба мақомоти давлатӣ коста мегардонид”. Ин нуктаро декани факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт Илҳом Неъматов дар ҳамоиши сиёсӣ-тарбиявӣ таҳти унвони «Заминаҳои ҳуқуқии муқовимат бо коррупсия», ки санаи 1 декабри соли равон доир гардид, иброз дошт. 
И. Неъматов дар идома афзуд, ки бо таъкиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ мубориза бо коррупсияро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ қарор дода, ба ташаккули заминаҳои ҳуқуқиву сохторӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт оғоз намуд. Ба тавсиб расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи июли соли 1999 «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисод ва коррупсия» яке аз тадбирҳои асосии ташаккули сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ дар кишвари мо ба ҳисоб меравад. 
Сипас, мудири кафедраи ҳуқуқи молиявӣ, иқтисодӣ ва зиддикоррупсионии ДДМИТ Ҷ. Бобоев дар доираи мавзуи “Заминаҳои ҳуқуқии муқовимат бо коррупсия” баромад намуд. Қайд гардид, ки дар замони муосир коррупсия ҳамчун зуҳуроти номатлубу зишт ва яке аз ҷиноятҳои хавфнок ба амнияти давлат, суботи ҷомеа ва рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар таҳдид менамояд. То ҳол ба ҳеҷ давлати дунё муяссар нашудааст, ки ин ваборо пурра аз байн бурда бошад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ироаи Паёмҳояшон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта, инчунин хавфу хатар ва оқибатҳои манфии онҳо изҳори назар намуда, роҳу усулҳои пешгирӣ намудани ин амали номатлубро масъалагузорӣ менамоянд. 
Дар чорабинӣ гуфта шуд, ки субъектҳои ба коррупсия муқовиматкунанда вазифадор шудаанд, ки барои пешгирӣ кардани кирдорҳои коррупсионӣ, фароҳам овардани фазои оштинопазир ба он ва ба ин раванд, ҷалб намудани тамоми мақомоти давлатӣ, воситаҳои ахбори омма ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ чораҷӯӣ намоянд. Дар донишгоҳ низ ба зуҳуроти ин амали номатлуб бетараф набояд буд ва чораҳои пешгирикунандаро дар ин самт роҳандозӣ бояд кард. 
Ёдовар мешавем, ки чорабинӣ дар доираи нақшаи чорабинии дохилиидоравии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон барои соли 2021 ҷиҳати иҷрои Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия барои давраи то соли 2030 ва нақшаи чорабиниҳои амалисозии он барои давраи то 2030 барои марҳилаи якум солҳои 2021-2025 баргузор гардид. 


Ш. Гурезов, эдвайзер оид ба корҳои тарбиявии факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт