Хабарҳо
Баррасии сиёсати молиявии кишвар
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти молия бо ташаббуси раёсати илм ва инноватсия ва кафедраи молия мизи мудаввари донишгоҳӣ дар мавзӯи «Ҷанбаҳои методологии ташаккул ва баамалбарории сиёсати молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити номувозинатии иқтисодиёти кишвар» доир гардид. Дар он намояндагони Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобохон Бобоев, Рамазон Салимзода, Носирҷон Ахмедов ва Миршоҳид Ҳомидов иштирок ва баромад карданд.
Мизи мудавварро муовини ректор оид ба илм Баҳром Сафаров кушода, рӯзмарра ва муҳим будани мавзӯи баррасишавандаро таъкид намуд. Ӯ зикр кард, ки ҳамасола буҷети давлатии кишвар дар дефитсит қабул карда мешавад ва барои шаффофият ва бартараф намудани номувозинатии иқтисодиёт ҷалби воситаҳои молиявии беруна зарур аст. Бинобар ин, Ҳукумати кишвар дар ин замина чораҳои зиддибуҳронӣ қабул менамояд.
Дар идома Ахмедов Носирҷон, сармутахассиси Раёсати ҷамъбастии банақшагирии буҷети давлатии Вазорати молияи ҶТ дар мавзӯи «Истифодаи фишангҳои асосии молиявии раванди идоракунии зиддибуҳронӣ дар шароити номувозинатии макроиқтисодӣ ва танзими муносибатҳои байнибуҷетӣ» баромад кард. Мавсуф афзуд, ки идоракунии зиддибуҳронӣ бояд ба ислоҳоти пайдарпаю мунтазам мусоидат намояд. Ҳамзамон, сиёсати фискалии мамлакат дуруст татбиқ гардад, ки аз инҳо иборат аст, ба монанди тадбирҳои ҳукуматӣ оид ба тағйир додани хароҷоти давлатӣ, андозбандӣ ва ҳолати буҷети давлатӣ, ки барои таъмини шуғли пурра, тавозуни пардохт ва рушди иқтисодӣ нигаронида шудаанд.
Мавсуф, инчунин таъкид дошт, ки воситаҳои сиёсати буҷетии давлат механизмҳои иқтисодие мебошанд, ки бо ёрии онҳо ҳадафҳои сиёсати буҷетӣ амалӣ мегарданд.
Баъдан, Рамазон Салимзода баромад намуда, мавзӯи баррасишавандаро аз ҷиҳати амалӣ шарҳ дод. Тавре ӯ қайд намуд, фишанги сиёсати молиявии давлатӣ, ба монанди андоз ва хароҷоти давлатӣ бо ҳам алоқамандии зич доранд. Маблағҳои дар шакли андоз гирифташуда аввал ба буҷети давлатӣ ворид шуда, сипас барои мақсадҳои гуногуни давлат сарф мешаванд. Таъсири воситаҳои сиёсати фискалӣ ба талаботи умумӣ гуногун аст, яъне тағйирёбии онҳо ба талабот ва андозҳо таъсири гуногун доранд, - гуфт баромадкунанда.
Р. Салимзода дар бораи танзими муносибатҳои байнибуҷетӣ ибрози андеша намуда, таъкид дошт, ки сол то сол андозаи субвенсияҳои ҷудошаванда ба шаҳру ноҳияҳо кам шуда истодааст, ки аз афзоиши буҷети маҳаллӣ дарак медиҳад, масалан ба ВМКБ 67%, Хатлон 29,4%, Рашт 65,4%, ноҳияи Файзобод 67% рост меояд, ки асосан ба фонди музди меҳнат равона мегардад.
Сипас, Миршоҳид Ҳомидов, сармутахассиси Раёсати буҷети мақомоти ҳокимият ва идораи давлатии Вазорати молияи ҶТ дар мавзӯи «Мустаҳкам намудани базаи моддию техникӣ ва имкониятҳои ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот дар баланд бардоштани мақоми шаҳрак ва деҳот» баромад кард ва гуфт, ки устувории молиявӣ аз устувории буҷети маҳаллӣ вобаста аст ва барои фаъолияти пурсамари ҷамоатҳои шаҳраку деҳот аз буҷети давлатӣ маблағ ҷудо карда мешавад. Дар соли 2021 бо ин мақсад ба шаҳраку деҳот 310 млн. сомонӣ маблағ ҷудо карда шудааст, ки он бо назардошти шумораи аҳолии маҳал равона мегардад. Айни замон 4073 воҳиди корӣ барои кормандони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ҷудо гардидааст ва 428 шаҳраку деҳот ба низоми идоракунии молияи давлатӣ пайваст гардидаанд, ки барои шаффофият ва самаранокии амалиётҳо мусоидат менамояд.
Дар охир музокира сурат гирифт, ки дар он Давлатов Х., Оймаҳмадов Г. ва Ҳаитов С. баромад карда, муҳиммияти мавзуи баррасишавандаро бори дигар ёдрас шуданд.
Машҳура Абдуллоева