Хабарҳо
Ғолибияти боксчиёни мо
Боиси ифтихору сарфарозист, ки дастоварду пирӯзиҳо дар ҳама ҷода рӯз то рӯз бештар мегарданд. Ин навбат варзишгарони донишгоҳ ғолибият ба даст оварданд. Онҳо дар мусобиқаи шаҳри Душанбе оид ба бокс байни донишҷӯёни донишгоҳу донишкадаҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз санаи 27 ноябр то 3 декабр сурат гирифт, иштирок намуда, дастболо шуданд.
Боксчиёни мо Парвиз Каримов, донишҷӯи курси 1 факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ дар вазни 91 кг, Нусратзода Шоҳин, донишҷӯи курси 4, факултети иқтисод ва бизнес дар вазни 52 кг ва Саидикром Амонов, донишҷӯи курси 3, факултети молия ва қарзи донишгоҳ дар вазни 71 кг сазовори ҷойи якум гардида, бо медал ва Дипломи дараҷаи 1 сазовор дониста шуданд.
Мо бо ин дастоварди беҳтарини варзишӣ донишҷӯён ва мураббии эшон Беҳрӯз Азизқулов, устоди кафедраи варзиш ва мудофиаи гражданиро муборакбод намуда, барояшон музаффариятҳои бештарро таманно дорем.