Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Анӯшервон гӯштингири беҳтарин

Анӯшервон гӯштингири беҳтарин

Ҳамасола дар байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ спартакиадаи донишҷӯён баргузор мегардад, ки барои тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҷалби ҷавонон ба варзиш мусоидат менамояд. 
Имсол рӯзҳои 4-5 декабри соли равон ин мусобиқаи муҳимми варзишӣ дар шаҳри Бохтар доир гардид ва яке аз варзишгарони мо номи донишгоҳро дар он боло бардошт. Ин гӯштингир Анӯшервон Маҳсидинов, донишҷӯи курси дуюми факултети молия ва қарз, ихтисоси молия мебошад. Ӯ дар ин спартакиада дар намуди варзиши «Гӯштини миллӣ» дар вазни 60 кг иштирок карда, бар ҳамаи ҳарифонаш дастболо шуд ва соҳиби ҷойи якум ва Дипломи дараҷаи 1 ва медал гардид. 
Мураббии Анӯшервон устоди кафедраи варзиш ва мудофиаи граждании донишгоҳ Ибодулло Айниддинов буда, натиҷаи тамрину омодагии хубаш буд, ки ӯ дастболо гардид.