Хабарҳо
Ташреҳи Стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ
Рӯзи 2 декабри соли равон бо ташаббуси кафедраи иқтисоди ҷаҳон ва тиҷорати байналмилалӣ семирнари илмӣ-назариявӣ доир гардид.
Дар он Акобирзода А., ассистенти кафедраи мазкур дар мавзӯи «Стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ» баромад намуд.
Гуфта шуд, ки бо мақсади танзими муносибатҳо дар самти пешбурди баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҷалби сармояи мустақим ҷорӣ намудани СБҲМ ва аз аудити ҳарсолаи ҳатмӣ гузаштани субъектҳои дорои манфиати умум ва дигар субъектҳои хоҷагидорӣ зарур шуморида мешавад. Ҳисоботи молиявӣ бевосита бо тавозуни муҳосибӣ алоқамандӣ дорад, зеро тавозуни муҳосибӣ вазъи молиявии субъекти иқтисодиро инъикос мекунад ва дар мавридҳои муайян таҳия мегардад. Маҳз тавассути тавозуни муҳосибӣ истифодабарандагон оид ба бозоргирӣ ва қудрати молиявии ширкат маълумот мегиранд.
Дар охир суолу ҷавоб сурат гирифт.