Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

ДДМИТ аз беҳтаринҳои ҳизб дониста шуд

ДДМИТ аз беҳтаринҳои ҳизб дониста шуд


Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Молия ва иқтисод»-и ДДМИТ дар даври ноҳиявии фестивал-озмуни «Беҳтарин Кумитаи иҷроияи ибтидоӣ» дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе сазовори ҷойи якум ва соҳиби Диплом гардид. 
Дипломро ба ректори ДДМИТ Шукрулло Хайрзода раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино Зарина Файзуллозода дар вазъияти тантанавӣ супорид. 
Инчунин, Дилшод Давлатзода - сардори Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони «Созандагони Ватан»-и донишгоҳ ҳамчун «Беҳтарин таблиғотчӣ» эътироф гардида, бо Диплом сарфароз гардид. 




hzb401.jpgЛозим ба ёдоварист, ки рӯзи 8-уми декабри соли равон бо мақсади сазовор таҷлил намудани 27-умин солгарди таъсисёбии ҲХДТ дар толори «Кохи Наврӯз» чорабинии сиёсӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол - рисолати Ҳизби Ҳалқии Демократии Тоҷикистон» доир гардид. Ин ҷамъомад дар асоси дастуру супоришҳои дастгоҳи иҷроияи марказии Ҳизби Ҳалқии Демократии Тоҷикистон, Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб ва нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино сурат гирифт. Дар ин чорабинӣ намояндагони ҳизб, вакили Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тағойзода С.С. ва собиқадорони ҳизбу меҳнат, аъзои раёсат ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино, раисони кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ноҳия, аъзои Маҷлиси вакилони халқии шаҳри Душанбе ва ноҳияи Сино, ҳамзамон аъзои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони «Созандагони Ватан» иштирок намуданд. 
Дар он ғолибони даври ноҳиявии фестивал-озмуни «Беҳтарин Кумитаи иҷроияи ибтидоӣ», «Беҳтарин ташкилоти ибтидоӣ», «Беҳтарин таблиғотчӣ», «Вакили беҳтарин» ва «Беҳтарин корманд» қадрдонӣ гардиданд. 
Дар фарҷом аз ҷониби санъаткорони маъруфи кишвар барномаи рангини консертӣ пешкаши ҳозирин гардонида шуд. 


Н. Ҷобиров