Хабарҳо
Муваффақияти донишҷӯдухтари шоҳмотбоз
Дар замони муосир ба варзиш ва тарзи ҳаёти солим, махсусан ба намуди шоҳмот ҷалб намудани қишрҳои гуногуни ҷомеа аҳамияти муҳим дошта, бозии шоҳмот барои рушди зеҳнии наврасону ҷавонон ва калонсолон мусоидат менамояд.
Дар баробари рушди зеҳнии инсон, ҳамзамон, бозии шоҳмот бозии адаб ва ахлоқ маҳсуб меёбад, ки ин он дар инсон хислатҳои наку, аз қабили инсондӯстӣ, дурбинӣ, накукорӣ, воқеанигорӣ, танзими ҳаёти ҳаррӯза, мустақилона фикр рондан ва масъулиятшиносиро тавлид менамояд.
Боиси сарфарозист, ки муҳассилини донишгоҳ дар баробари таҳсили хубу рафтори намунавӣ, боз дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, шарафи олимпии ДДМИТ-ро баланд мебардоранд.
Амина Негматова, донишҷӯи курси 3 ихтисоси баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил ва аудит дар бонкҳои факултети ҳисобдорӣ ва омор аз зумраи он донишҷӯдухтарони фаъолест, ки дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҷумҳурӣ, ки рӯзҳои 5-7-уми декабр дар шаҳри Душанбе доир гардид, сазовори ҷойи якум гардид. Барои ин комёбӣ аз ҷониби раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Раҳмонзода бо медал ва Диплом сарфароз гардонида шуд.
Номбурда зодаи ноҳияи Шаҳринав буда, пас аз хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 15-и ин ноҳия ДДМИТ-ро интихоб намуда, мунтазам дар мусобиқаҳои шаҳрию ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок менамояд.
- Шоҳмотбозӣ аз кас машқи пайваста, таҳаммул ва андешаро талаб менамояд. Ман ин бозиро аввалан дар муҳити оила аз падар ва апаам омӯхта, сипас донишамро дар ин ҷода сайқал додам. Аз соли 2013 инҷониб дар мусобиқаҳои гуногун иштирок мекунам. Соли гузашта аз ҳисоби инфиродӣ (тахта) сазовори мақоми аввал ва дар ҳисоби даставӣ мавқеи 2-юмро соҳиб гардида будам, - мегӯяд ӯ.
Лозим ба ёдоварист, ки Амина Негматова таҳти роҳбарии мураббии хизматнишондода ва сахтгир Тағоймурод Эламонов, устоди кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва мудофиаи гражданӣ пайваста ба машқу тамрин машғул ва аз устодон сипосгузор аст.
Мо ӯро ба ин дастовардаш табрик намуда, барояш дар таҳсил ва иштирок дар сабқатҳои мухталиф барору комёбӣ орзу менамоем.
Наврӯз Ҷобиров