Хабарҳо
Татбиқи муқаррароти Қонуни танзим
Рӯзи 9-уми декабр дар доираи нақшаи чорабиниҳои донишгоҳ бо иштироки намояндагони кумитаву ниҳодҳои гуногун дар мавзӯи «Татбиқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»» чорабинии маърифатӣ доир гардид.
Нахуст, муовини ректор оид ба тарбия Бунавша Қодирова изҳор дошт, ки таваҷҷуҳ ба масъалаи беҳдошти вазъи иҷтимоиву иқтисодии ҷомеа яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат маҳсуб мешавад. Василаҳои расидан ба ҳадафҳои рушди иҷтимоӣ гуногун мебошанд. Ҳамеша дар ҷомеа мекӯшанд то механизмҳои муассири баромадан аз буҳрони иҷтимоиро ҷустуҷӯ, татбиқ ва мушаххас созанд ва ба ин васила, амнияти иҷтимоии ҷомеа таъмин гардад.
Ба андешаи мавсуф, ДДМИТ ба унвонии як муассисаи олии таълимӣ дар татбиқи қонуни ҷорӣ пешсаф буда, дар донишгоҳ комиссияи ҷамъиятӣ ташкил дода шудааст. Бо ин мақсад, ҷиҳати инъикоси ҳадафҳои иҷтимоӣ соли 2021 силсилатадбирҳо андешида шуда, 8 чорабинӣ ва мизҳои мудаввар бо фарогирии 3650 нафар дар самти татбиқи муқаррароти Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» гузаронида шудааст.
Сармутахассиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансур Назаров зимни суханронӣ моҳияти баъзе аз моддаҳои қонуни мазкурро шарҳ дод. Номбурда, аз ҷумла зикр кард, ки ин санади меъёрии ҳуқуқӣ бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо назардошти зиёда аз 20 ҳазор дархосту пешниҳодҳои мардуми кишвар аз ҷониби гурӯҳи ҷомеашиносон, диншиносон ва ҳуқуқшиносони варзидаи мамлакат ба тасвиб расидааст. Дар давраи амалишавии қонуни мазкур сатҳи зиндагии мардум нисбат ба солҳои қаблӣ бамаротиб боло рафт, ҷашну маъракаҳо ба меҳвари муайян ворид ва танзим гардид.
Дар идомаи ҷамъомад сардори раёсати тарбияи донишгоҳ Абдулло Давлатзода, корманди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мартаба Султонзода, мутахассиси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино Маҳмадсаид Шарофиддин, мудири кафедраи ҳуқуқи молиявӣ, иқтисодӣ ва зиддикоррупсионии ДДМИТ Ҷамрод Бобоев бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво баромад намуданд.
Дар баромадҳо дар бораи чораандешӣ дар мавриди пешгирии гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои террористӣ ва иртиҷоӣ, ба китобхонӣ ҷалб намудани онҳо, фаҳмонидани моҳияти худшиносии миллӣ, саҳм гузоштан дар таҳкими пояҳои истиқлоли давлатӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ дар ниҳоди ҷавонон ва ғайра мавриди таҳлил ва баррасии амиқ қарор гирифт.
Наврӯз Ҷобиров