Хабарҳо
Баррасии низоми буҷети давлатӣ дар даврони истиқлол
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти молия бо ташаббуси Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии «Молия»-и ДДМИТ рӯзи 11 декабри соли равон конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзуи «Низоми буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлоли давлатӣ: ҳолат ва дурнамои рушди он» баргузор гардид, ки дар он намояндагон аз Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Конфронсро муовини ректор оид ба илм Баҳром Сафаров кушода, мавзуи матраҳшавандаро мубрам ва барои иқтисодиёти кишвар аҳамиятнок арзёбӣ кард. Мавсуф қайд намуд, ки тайи солҳои охир, ки дар ҷаҳони мутамаддин буҳронҳои молиявию иқтисодӣ, паҳншавии бемории ҳамагир ба вуҷуд омада, тамоми минтақаҳои оламро фаро гирифтаанд ва таъмини рушди босуботи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар Тоҷикистон нишонаи сиёсати оқилона ва созандаю дурандешонаи Ҳукумати ҷумҳурӣ мебошад. Мавзуи баррасишаванда низ барои идоракунии молияи давлатӣ нигаронида шуда, нақши сиёсати фискалии мамлакатро дар устувории низоми молиявии мамлакат ва иқтисодиёти миллӣ нишон медиҳад, гуфт Сафаров Б.
Сипас, Абубакр Асадуллозода, муовини сардори Раёсати ислоҳоти андози Вазорати молияи ҶТ дар мавзуи «Навгониҳои Кодекси нави андоз дар таҳрири нав ва мусоидати он дар рушди иқтисодиёти миллӣ» баромад карда, лоиҳаи Кодекси нави андозро муаррифӣ кард. Мавсуф бо овардани мисолҳо тафовут ва бартариятҳои онро нишон ва шарҳ дод. Тавре гуфта шуд, таркиби лоиҳаи Кодекси андози нав аз Кодекси андози амалкунанда бо он фарқ мекунад, ки дар он 3 фасл ва 3 андоз кам карда шуда, 7 боб ва 70 модда илова гардидааст. Ҳамзамон, баромадкунанда дар бораи тағйирот дар заминаи маъмурикунонии расмиёти андоз, низомҳои махсуси андозбандӣ, низомҳои имтиёзноки андозбандӣ, намуди андозҳо, меъёри андозҳо аз даромади шахсони воқеӣ, меъёри андозҳо аз арзиши иловашуда (ААИ), меъёри андозҳо аз даромади шахсони ҳуқуқӣ, меъёри андози иҷтимоӣ, меъёрҳои андози аксиз ва дигарҳо маълумоти муфассал дод. Тавре қайд гардид, дар самти маъмурикунонии расмиёти андозбандӣ амалиёти зерин, ба мисли аз 9 ба 8 адад кам гардидани санҷишҳои андозӣ, ҷорӣ намудани назорати камералии автоматикунонидашуда, санҷишҳо танҳо дар асоси хавф ва мониторинги андоз ҷорӣ карда шудааст.
Маърӯзачӣ таъкид дошт, ки қабули Кодекси андоз дар таҳрири нав барои фароҳамсозии фазои мусоид ҷиҳати рушди соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ, рушди соҳаҳои воқеии иқтисодиёт нигаронида шудааст ва дар таҳияи он омӯзгорони Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон низ фаъолона иштирок намудаанд.
Сипас, Пинская Миляуша, директори Маркази илмию тадқиқотии сиёсати андозбандии Вазорати молияи Федератсияи Россия дар мавзуи «Болоравии самаранокии системаи маъмурикунонии андоз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тариқи онлайнӣ баромад кард. Профессор барои беҳтар шудани низоми маъмурикунонии андоз дар кишвари мо аз чанд марҳила гузаштани ин низомро пешниҳод намуд. Аввал, тақвияти раванди коммуникатсионӣ ва автоматикунонӣ дар ин низом, дувум, тавсеаи муносибат ба хавфҳо ҳангоми назорати андозӣ ва таъсиси низоми ягона ва кушодаи банақшагирии санҷишҳои андозсупорандагон ва мақомоти андоз; тақвияти муносибатҳои уфуқии андоз байни андозсупорандагон ва мақомоти андоз ва тадбири дигар андоз ба хизматрасониҳои рақамӣ, ки ин тадбирҳоро муфасаал шарҳу эзоҳ низ дод.
Дар идома дар мавзуи «Нақши қарзи давлатӣ дар иқтисодиёти кишвар» маърӯзаи Сайидалӣ Иброҳимов, сардори шуъбаи идоракунии қарзи дохилии Вазорати молияи ҶТ шунида шуд, ки дар бораи қарзҳои беруна ва дохила, сохтори асъорӣ, нишондиҳандаҳои хизматрасонии қарзи давлатӣ маълумот дод.
Дар ҷамъбаст ба саволҳои зиёд баромадкунандагон посухҳои мушаххас доданд ва музокира сурат гирифт.
Пас аз нисфирӯзӣ конфронс дар ду бахш – низоми идоракунии молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва низоми андоз ва бонкдорӣ дар шароити муосир корашро идома дод ва дар он 40 маърӯза шунида шуд. Дар анҷом ба мақомоти дахлдор тавсияҳои илман асоснок пешниҳод карда мешавад.
Машҳура Абдуллоева