Хабарҳо
Гулпарӣ Ҳусейнова китобхони беҳтарин аз ДДМИТ
Муждаи ғолиби озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» гардидани устоди кафедраи забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Гулпарӣ Ҳусейнова дар даври ҷамъбастии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз рӯи номинатсияи «Хондан ва аз худ кардани осори адибони ҷаҳон» дар миёни аспирантону докторантон ва ходимони илмӣ ва адабии муассисаҳои илмию эҷодӣ аҳли коллективи меҳнатии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистонро сарфароз ва ифтихорманд кард.
Ин муждаест дар таърихи донишгоҳ, ки омӯзгори ин муассисаи таълимӣ дар озмуни ҷумҳуриявӣ, ки бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардидааст, ғолибият ба даст овард.
Бо ин муносибат рӯзи 16 декабр Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ., ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Гулпарӣ Ҳусейноваро бо ин дастоварди беназир муборакбод намуда, афзуд, ки имсол барои таълимгоҳ соли дастовардҳо буд ва дар охири соли ҳисоботӣ ин дастоварди омӯзгори мо дар ин озмуни бонуфузи ҷумҳуриявӣ дар байни коллективи меҳнатӣ як такони ҷиддиеро ба вуҷуд овард. Ин дастовард бозгӯи он аст, ки дар байни мо низ шахсони китобдӯсту китобхон ҳаст ва номи таълимгоҳро бо дастовардҳои беҳтаринашон муаррифӣ менамоянд.
Ҳамзамон, ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки дар донишгоҳ шароити зарурӣ барои мутолиаи адабиёти лозима муҳайё буда, дар он китобхона бо тамоми шароит дар хизмати омӯзгорон ва донишҷӯён қарор дорад.
Лозим ба ёдоварист, ки рӯзи 15-уми ноябри соли ҷорӣ дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими тантанавии ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид. Дар он ғолибони номинатсияҳо муайян гардида, ба ғолибони ҷойи аввал маблағи 35 000 сомонӣ, ҷойи дуюм 25 000 ва ҷойи сеюм 20 000 сомонӣ, диплом ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи тадорукоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.
Ёдовар мешавем, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» соли сеюм аст, ки бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии кишвар, аз ҷумла тарбиягирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо), калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун (омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат ва дигар табақаҳои аҳолии кишвар) доир мегардад.
Сарпарасти озмун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, масъулони баргузории озмун Вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радио ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мебошанд.
Мо ба ин дастовард ноил шудани муаллимаи азиз Гулпарӣ Ҳусейноваро табрик намуда, дар оянда барояш барору комёбиҳо таманно менамоем.