Хабарҳо
ДДМИТ барои пешгирии зуҳуроти номатлуб чораандешӣ менамояд
Санаи 16 ноябри соли 2021 дар доираи Нақша-чорабиниҳои Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон мулоқоти намояндагони вазорату кумитаҳо, агентиву идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва васоити ахбори омма ва ҷомеашиносону равоншиносон бо ҳайати устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ доир ба масъалаҳои ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, эҳтиром ба фарҳангу ёдгориҳои таърихии миллӣ, гиромӣ доштани манфиатҳои милливу давлатӣ, арҷгузории арзишҳои миллии оиладорӣ, ҳифзи амнияту осоиштагӣ ва якпорчагии давлат, ташаккули маърифати ҳуқуқӣ, ҷамъиятӣ, сиёсиву шаҳрвандӣ, истифодаи мақсадноки имкониятҳои ҳаётан муҳими ҷомеа аз ҷониби ҷавонону занон, дарёфт ва татбиқи василаҳои муассири фаъолноккунонии ҷавонону занон, пешгирии зуҳуроти номатлуби қонунвайроннамоиву ҷинояткорӣ, пайвастани табақаҳои гуногуни ҷомеа ба ҳизбу ҳаракат ва гурӯҳҳои иртиҷоии экстремистиву террористӣ, густариши фарҳанги бегона, парокандашавии оилаҳои ҷавон, кирдорҳои характери коррупсионидошта, одамрабоӣ ва нақзи ҳуқуқи инсон, нашъамандӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, истифодаи ғайримақсадноки сомонаҳои интернетӣ, ҷиноятҳои куштор ва худкушӣ доир гардид.
Дар ҷамъомад Бунавша Қодирова, муовини ректор оид ба тарбия, Юсуфзода Акмал, намояндаи Вазорати корҳои дохилӣ, Раҷабов Шарафҷон, намояндаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Обидҷон Шарипов ва Исматзода Боғигул, намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шокирзода Муҳаммадтолиб, намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ, Озода Абдуллозода, намояндаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аслонова Наргис, профессор, Давлатзода Абдулло, сардори раёсати корҳои тарбиявии донишгоҳ ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ВАО, ниҳодҳои ҷамъиятӣ ширкат ва суханронӣ намуданд.
Ҳамоишро Бунавша Қодирова ифтитоҳ намуда, мақсади баргузории онро ба иштирокчиён шарҳу тавзеҳ дод. Мавсуф аз ҷумла қайд кард, ки дар шароити пуртазоди ҷаҳони имрӯз ҳар як фарди огоҳу соҳибдилро мебояд, то ҳарчи бештар ба фарҳангу ёдгориҳои таърихӣ, ҳифзи марзу бум, арҷгузории манфиатҳои милливу давлатӣ, сулҳу оромӣ ва якпорчагии кишвар, болобурди маърифати ҳуқуқӣ аҳамияти аввалиндараҷа диҳад. Ҳамзамон гуфта шуд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ва тазоҳуроти гуногуни сиёсии дар ҷаҳон ба амалоянда дар ҷавонон тақвият бахшидани ҳисси худшиносии миллӣ ва ватанпарастӣ шартҳои асосии роҳандозии тарбияи дурусти ҷавонон мебошад. Ташаккул ва тақвияти худшиносии миллӣ бе инкишофи тафаккури таърихӣ, бузургдошти забон ва мероси фарҳангӣ, равнақу ривоҷи шуури миллӣ тасаввурнопазир аст. Бинобар ин ҷавонон бештар ба китоб рӯ оваранд ва забонҳои хориҷӣ омӯзанд, то ин ки мутахассиси сатҳи баланд гарданд.
Дар идомаи мулоқот намояндагони вазорату кумитаҳо, идораву агентиҳо, ташкилоту муассисаҳо, васоити ахбори омма ва ҷомеаи шаҳрвандӣ доир ба масъалаҳои болозикр маърузаҳо намуданд.