Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Муқовимат бо коррупсия-омили асосии рушди ҷомеа

Муқовимат бо коррупсия-омили асосии рушди ҷомеа

Бо чунин унвон санаи 17 декабри соли равон бо ташаббуси факултети молия ва қарз мизи мудаввар баргузор шуд. Онро бо сухани муқаддимавӣ декани факултет Нурализода А.Н. кушода қайд намуд, ки дар доираи иҷрои нақша-чорабиниҳои донишгоҳӣ ва факултети молия ва қарз низ пайваста оид ба татбиқи «Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» чорабиниҳои маърифатӣ доир карда мешавад, ки барои пешгирии ин зуҳуроти номатлуб мусоидат менамояд. Сипас Ҷ.Бобоев - мудири кафедраи ҳуқуқи молиявӣ, иқтисодӣ зиддикорупсионӣ суханронӣ намуда, гуфт, ки муқовимат ба коррупсия қисми таркибии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, таҳия ва татбиқи он аз ташаббуси олии сиёсии роҳбарияти давлат оғоз мегардад. 
Самаранокии муқовимат бо коррупсия аз иштироки фаъоли тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди амалигардонии он вобастагии зич ва ногусастанӣ дорад. Мафҳуми муқовимат ба коррупсия фаъолияти тамоми мақомоти ҳокимияти давлатиро ҷиҳати ошкор, пешгирӣ ва бартараф намудани сабабу шароитҳои ба миён омадани ҳолатҳои коррупсионӣ мусоидаткунанда, ошкор ва мубориза бо ҳуқуқвайронкуниҳою ҷиноятҳои коррупсионӣ, бартарафсозии оқибатҳои номатлуби кирдорҳои коррупсионӣ ва таъмини ҳуқуқу озодиҳо, баланд бардоштани сатҳи зиндагии шаҳрвандон, пешрафти иқтисодиёт ва таъмин намудани амнияти кишварро дар бар мегирад. 
CH_KR400.jpgГуфта шуд, ки то имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тақвият бахшидан ба масъалаҳои муқовимат бо коррупсия санадҳои нави меъёрии ҳуқуқӣ бо мақсади мутобиқ гардонидан ба меъёрҳои зиддикоррупсионии ҷаҳонӣ пешниҳод ва қабул гардидаанд, ки барои дар оянда решакан намудани амалҳои коррупсионӣ мусоидат хоҳанд кард. 
Рӯзмарра ва мубрам будани масъалаи баррасишавандаро ба инобат гирифта, Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчии фаъоли раванди ҷаҳонии муқовимат ба коррупсия гардид ва дар сатҳи миллию байналмилалӣ чораҳои дахлдори ташкилию ҳуқуқиро андешид. Дар идома Субҳоналӣ Мирзоев- устоди кафедраи ҳуқуқи молиявӣ, иқтисодӣ ва зиддикоррупсионӣ дар мавзуи «Афзалиятҳои иҷтимоию иқтисодии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯзаи пурмуҳтаво намуд. 
Гуфта шуд, ки мақсади ҳар як кишвари мустақил таъмини суботи ҷомеа ва амнияти иҷтимоию иқтисодии шаҳрвандони он дар арсаи байналхалқӣ мебошад. Вале барои ноил шудан ба ҳадафҳои самарабахши мазкур монеаҳои зиёде пеш меоянд, ки роҳи асосии ҳалли он амалҳои одилона ва дастаҷамъона мебошад. Масъалаи фасод ё коррупсия имрӯз дар маркази диққати ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор дошта, баҳри пайваста решакан кардани шохаҳои он, ки ба вазъияти иҷтимоию иқтисодии ҳар як давлат таъсир мерасонад, чораҳои зарурӣ андешида мешавад. 
Дар охир саволу ҷавоб сурат гирифт. 


Мисралӣ Дембегиев, эдвайзер оид ба корҳои тарбиявии факултети молия ва қарз