Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Боз як дастоварди илмӣ: донишҷӯи мо ҷоизадори озмуни байналмилалӣ

Боз як дастоварди илмӣ: донишҷӯи мо ҷоизадори озмуни байналмилалӣ

Соли 2021 барои аҳли коллективи меҳнатии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон соли бобарор ва хотирмон буд. Зеро паёпай ва қариб ки ҳамарӯза мо шоҳиди дастовардҳову музаффариятҳои омӯзгорону донишҷӯён ва магистрантон мегардем ва аз он шодмонӣ мекунему мефахрем. Навиди дар олимпиадаи байналмилалӣ ғолиб омадани донишҷӯи мо – Каримзода 
Карим Ҳаким ин арғумони солинавист барои аҳли меҳнати донишгоҳ. Каримзода Карим, донишҷӯи курси 4, ихтисоси менеҷменти байналмилалии факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалии донишгоҳ дар онлайн-олимпиадаи байналмилалии таҳти унвони «Финансы: вектор будущего», ки аз санаи 20 то 26 ноябри соли равон дар Донишгоҳи Туранаи Ҷумҳурии Қазоқистон сурат гирифт, иштирок карда, соҳиби Дипломи дараҷаи 3 гардид. 
Ин олимпиада ба таври онлайнӣ ҷараён дошт, ки аз ду давра иборат буд. Дар даври якум Карим бо пешниҳоди эссе дар мавзуи «Как распознать финансовые пирамиды?» иштирок намуда, ба даври ниҳоӣ, яъне ба даври дуюм роҳхат гирифт. 
Даври дуюми озмун бо ҳимояи презентатсия дар мавзуи «Блок чейн - как технология будующего»ба таври онлайн баромад кард, ки дар он 45 иштирокчӣ аз ҳамаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок карданд. 
Карим дар байни ин қадар довталабон ба таври онлайн бо забони русӣ баромад карда, лоиқи таҳсину эътирофи ҳайати ҳакамон гардид ва лоиҳаи ӯ сазовори ҷойи 3-юм дониста шуд. 
Бояд эътироф намуд, ки дар озмуни байналмилалӣ ҷойи намоёнро ишғол намудани муҳассилини таълимгоҳамон бори аввал нест ва маҳз Карим Каримзода дар олимпиадаи байналмилалии бехатарии молиявӣ, ки санаи 5-уми октябри соли равон дар шаҳри Сочии Федератсияи Россия баргузор гардид, иштирок намуда, соҳиби ҷоиза ва бо диплом мукофотонида шуд. 
Ҷои зикр аст, ки имрӯзҳо соҳаи илм рушду тараққӣ ёфта, олимпиадаҳои соҳавӣ баргузор шуда истодаанд ва ин толибилми навовари мо дар ин гуна озмунҳо иштирок карда, сатҳи дониши худро нишон ва сайқал медиҳад. 
Олимпиадаи мазкур бо мақсади баланд бардоштани маърифати иттилоотӣ, молиявӣ ва ҳуқуқии донишҷӯён, пайдо намудани ҷавонони боистеъдод, ҳавасмандгардонии фаъолияти эҷодии онҳо гузаронида шудааст ва иштирок дар чунин чорабиниҳои илмӣ савияи дониш ва малакаи толибилмонро баланд мебардорад. 
Мо бо ин дастоварди басе калон, ки дар байни донишҷӯёни таълимгоҳ бесобиқа аст, Каримзода Карим ва устодони ӯро муборакбод намуда, барояш парвозҳои нави эҷодиро хоҳонем. 


Машҳура Абдуллоева