Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Омӯзгори ДДМИТ дар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» сазовори ҷойи якум гардид!

Омӯзгори ДДМИТ дар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» сазовори ҷойи якум гардид!

- Имсол мардуми сарбаланди тоҷик 30-солагии Истиқлолияти давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намуданд. Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон низ чун яке аз муассисаҳои пешқадами таҳсилоти олии касбӣ дар ҳамаи самтҳо - илм, таълим, тарбия ва варзиш ба муваффақияту комёбиҳои чашмрас ноил гардид. Иштироки фаъолонаи устодону магистрантон ва донишҷӯён дар конфронсу мизҳои мудаввар, ғолибият дар озмуну олимпиадаҳои байналмилаливу ҷумҳуриявӣ, ғалаба ба даст овардан дар сабқатҳои мухталифи варзишӣ гувоҳи равшани ин гуфтаҳост, - иброз намуд ректори ДДМИТ Шукрулло Хайрзода зимни ҷамъомаде, ки бо иштироки садорати факултетҳо ва сардорони шуъбаҳои донишгоҳ баргузор гардид. 
Ректор аз муждаи навбатӣ, сазовори ҷойи якум гардидани муаллими калони кафедраи забонҳои хориҷии ДДМИТ, н.и.ф. Гулпарӣ Ҳусейнова дар даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» сухан ронда, ӯро аз номи коллективи профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ ба ин муваффақият таҳният гуфта, барояш дар кору зиндагӣ ва фаъолияти илмии минбаъда барору комёбиҳо таманно намуд. 

 Donsh400.jpg  Donsh400.jpg  Donsh400.jpg  Donsh400.jpg


- Ин навиди фараҳбахш дар саҳфаи рангини таърихи донишгоҳ сабт мегардад, зеро ин озмунест, ки сарпарасти он Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, - илова намуд Ш. Хайрзода ва ёдовар шуд, ки имсол, ҳамзамон магистранти курси якуми факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёти ДДМИТ Муҳаммадфирӯз Ҳасанов дар даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Илм - фурӯғи маърифат» дар номинатсияи «Математика» сазовори ҷойи 2-юм гардид, ки боиси ифтихору сарбаландист. 
Тавре дар Паёми Президенти мамлакат қайд гардида буд: «Ҳадафи Роҳбари давлат аз ин ташаббусҳо баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих, фарҳанги бостонии тоҷикон, тавсеаи доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ дар кишвар мебошад». 
Ректор ба садорати факултетҳо ва сардорони шуъбаҳои донишгоҳ супориш дод, ки дар омодасозии шогирдон ва роҳнамоии онҳо ба озмуну олимпиадаҳо фаъол бошанд ва номи донишгоҳро боз ҳам баланд бардоранд. 
Дар охир Гулпарӣ Ҳусейнова барои таваҷҷуҳу дастгирӣ ба роҳбарияти донишгоҳ изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, муваффақияти хешро дастоварди кулли устодону донишҷӯён муаррифӣ намуд: 
«Дар байни ин қадар инсонҳо муаррифӣ гардидан аз ҳама ифтихори бузург аст. Ман аз он хурсандам, ки роҳбарияти донишгоҳ мо устодонро пайваста қадрдонӣ менамоянд». 


Наврӯз Ҷобиров