Хабарҳо
Тақвияти робита бо волидайн
Масъалаи баланд бардоштани сатҳи донишандӯзӣ ва таҳкими заминаи маънавии тарбияи ахлоқии фарзанд, маърифатнок намудан, дар рӯҳияи муҳаббат ба халқу Ватан ва бунёдкорию созандагӣ тарбия намудани онҳо вазифаи устодон ва падару модарон мебошад. Бо ин мақсад, чанде пеш бо ташаббуси садорати факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт дар якҷоягӣ бо Раёсати тарбияи донишгоҳ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» бо иштироки доираи васеи падару модарони донишҷӯёни курси якуми факултет вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа декани факултет дотсент И. Неъматов, сардори раёсати тарбия А. Давлатзода, мутахассиси шуъбаи мониторинг ва идораи сифати таълим дотсент А. Муллоҷонов, мудирони кафедраҳо ва кураторони гурӯҳҳои академӣ иштирок намуданд.
Декани факултет зикр кард, ки фарзандони шумо дар интихоб намудани ихтисос хато накарда, балки беҳтарин ихтисосҳо ва донишгоҳро интихоб намудаанд. Тарбияи ҷавонон дар шароити имрӯза кори саҳлу осон нест. Аз ин рӯ, иштироки шумо падару модарон дар таълиму тарбияи донишҷӯён ба он оварда мерасонад, ки ҳисси масъулиятшиносии фарзандон бедор гардида, баҳри гирифтани донишу малака кӯшиши зиёд ба харҷ диҳед, - афзуд баромадкунанда.
Сипас, сардори Раёсати тарбия А. Давлатзода зимни баромад иброз намуд, ки дар тамоми зинаҳои таҳсилот - тарбия қисми ҷудонашавандаи таълим ва илм ба ҳисоб меравад. Дар баробари ин, ба масъалаҳои риояи сару либоси миллӣ, фарҳанги касбият ва маърифати муошират таваҷҷуҳи махсус зоҳир кардан зарур мебошад. Таъкид гардид, ки донишҷӯёнро мебояд ба масъалаҳои фарҳангу этикаи либосҳои милливу муқарраргардида, фаъолият дар муассисаҳои таълимӣ ва эҳтиром ба шахсияти худ ва ҷомеаро дар мадди аввал гузоранд.
Дар баромади худ дотсент А. Муллоҷонов бошад, қайд намуд, ки ҳадафи асосӣ аз ташаббусҳои Ҳукумати мамлакат баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таъриху фарҳанги бостонии тоҷикон мебошад. Барои баланд бардоштани сифати таълим дар тамоми зинаҳои таҳсилот бояд масъулияти ҳаматарафа байни падару модар, аҳли ҷомеа ва омӯзгорон пурзӯр карда шавад.
Дар охир волидайни донишҷӯён изҳори қаноатмандӣ намуданд, ки зимни ин ҷаласа аз рафтору кирдор, давомот, сатҳи донишазхудкунии фарзандон бохабар гашта, дар ҳолати мавҷуд будани камбудиҳо, сари вақт аз паси ислоҳи он мегарданд.
Ш. Гурезов, эдвайзер оид ба тарбия