Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Оғози сессияи зимистона

Оғози сессияи зимистона

Дар асоси талаботи тартиб ва ташкили раванди сессияи имтиҳонӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Чумҳурии Тоҷикистон дар низоми кредитии таҳсилот, ки тибқи қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Чумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2016, таҳти рақами 19.24 қабул гардидааст, аз 20 декабр сессияи имтиҳонии зимистонаи соли таҳсили 2021-2022 барои донишҷуён ва магистрантони шуъбаи рӯзона оғоз гардид. 
Имтиҳонҳо то санаи 15 январи соли 2022 идома меёбанд. Ҷараёни имтиҳонҳоро дар факултетҳо аъзоёни раёсати таълим назорат мебаранд, то ин ки имтиҳон шаффоф гузарад. 
Тибқи фармоиши ректор машғулиятҳо ва қабули имтиҳонҳои даври иловагӣ барои курсҳои 1-ум ва 2-уми магистрон ва донишҷӯёни курсҳои1-ум то 4-уми низоми кредитии таҳсилот аз 18-уми январи соли 2022 то 25-уми январи соли 2022 ва барои донишҷуёни курсҳои 1-ум то 4-ум ва магистрантҳои курси1-2-ум даври таътили зимистона аз 17-уми январи соли 2022 оғоз ёфта то 27-уми феврали соли 2022 давом мекунад. 
Рӯзи якуми сессия хуб гузашта, ягон баҳои ғайриқаноатбахш ба қайд гирифта нашуд.