Хабарҳо
Сиҳатии мардум-боигарии давлат
Имрӯз дар толори варзишии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон муоинаи тиббии кормандон оғоз ёфта, он аз санаи 20 то 21-уми декабри соли равон давом мекунад. Чорабинии мазкур бо назардошти шартномаи таҳти рақами 327 аз 29-уми ноябри соли равон бо Муассисаи Маркази муоинаи профилактикии тиббии худмаблағгузор баста шуда, ҳар сол як маротиба амалӣ карда мешавад.
Табибони Маркази муоинаи профилактикии тиббии худмаблағгузор, ба монанди табиби асаб, чашм, занона, касалиҳои дарунӣ, сироятӣ омӯзгорон ва кормандони донишгоҳро муоина намуда, барояшон барои беҳсозии саломатиашон тавсияҳои судманд доданд.
Мақсад аз гузаронидани муоинаи тиббӣ фароҳам овардани шароити лозимии санитарию эпидемиологӣ дар шуъбаҳо, ошкору муолиҷа ва пешгирӣ намудани бемориҳои сироятӣ байни кормандон мебошад.
Пагоҳ муоинаи тиббӣ идома меёбад.