Хабарҳо
Паём-дастури созанда
Имрӯз дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳайати профессорон, устодон, кормандон ва донишҷӯён ҷамъ омада, Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олӣ тариқи телевизион бо хушнудӣ тамошо карданд. Пешвои миллат дар Паёмашон самтҳои асосӣ ва афзалиятноки сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат, маориф, тандурустӣ, сиёсати занон ва бонувон, иқтисодиёту иҷтимоиётро ҳаматарафа таҳлил намуда, ба масъулини соҳа дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Аҳли коллективи ДДМИТ ҳамасола аз рӯи нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ нақшаи чорабиниҳо тартиб дода, аз рӯи он фаъолият мебаранд. Бинобар ин, аҳли нишаст Паёмро ҳамчун дастури корӣ ва созанда баҳри фаъолияти пурсамар қабул намуда, иҷрои онро барои худ зарурӣ ва ҳатмӣ донистанд.
Эшов Тағоймурод