Хабарҳо
Зиндаву ҷовид монд ҳар кӣ накӯном зист…
Худойназар Асозода, ин ном барои аҳли илму адаби Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон хуб ошност.
Устод Х. Асозода зодаи Кӯлоби бостон буда, аз вазифаи лаборантӣ то ба вазифаи ректорӣ расидааст. Эшон рисолаи номзадии худро дар мавзӯи «Симои синфи коргар дар адабиёти советӣ» ва соли 1989 дар Институти шарқшиносии шаҳри Москва дар мавзӯи «Насри даризабони Афғонистон» рисолаи докторӣ ҳимоя намуд. Х. Асозода дар таҳқиқи се шохаи адабиёт Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон даст зад ва китобҳои зиёдеро таълиф намуд, ки баъзе асарҳои адабиётшиносӣ ва китобҳои дарсии устод инҳоянд: «Нигарише ба насри муосири дарии Афғонистон», «Адабиёти форсӣ ва се шохаи он», «Чеҳраҳои фарҳангӣ», «Адабиёти садаи ХХ-и форсӣ-тоҷикӣ» (иборат аз 2 ҷилд), «Адабиёти Эрон дар садаи ХХ», «Абулқосим Фирдавсӣ дар шинохти С. Улуғзода», «Устод Айнӣ дар шинохти С.Улуғзода», «Иловаҳо ба шарҳи ҳоли устод Айнӣ», «Сотим Улуғзода ва фоҷиаи ӯ», «Содиқ Ҳидоят ва дунёи эҷоди ӯ», «Саргузашти устод Лоҳутӣ», «Воқеият, сиёсат ва С. Айнӣ», «Зиндагинома ва осори Садриддин Айнӣ», «Айнӣ дар миён ҳаст ва хоҳад буд», «Таърихи адабиёти тоҷик» (давраи нав), «Адабиёти тоҷик» (барои синфи 11).
Устод ҳанӯз соли 1998 китобҳои зиёдеро, ки арзиши баланд доштанд, ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон супориданд ва махзанеро бо номи «Махзани адаб» таъсис доданд. Х. Асозода бори дигар китоб ҷамъоварӣ намуда, се ҳазор (3000) адад китобҳои ҷамъовардаашонро ба Донишгоҳи миллӣ, ки бисёр дӯсташ медоштанд, супориданд ва «Махзани Асозода»-ро ташкил доданд, ки айни ҳол донишҷӯён, устодон, инчунин адабиётшиносону забоншиносон ва таърихнигорон аз он фаровон истифода мебаранд.
Таҳти роҳбарӣ ва мушовараи устод шогирдони зиёде рисолаҳои номзадиву докторӣ дифоъ намудаанд.
Эшон солҳои 1971-1974, 1978-181 дар Ҷумҳурии Афғонистон ба сифати тарҷумон хидмат намудааст.
Х. Асозода овони кӯдакӣ, наврасӣ ва ҷавониашонро дар китоби худ бо унвони «Достони зиндагӣ» дар шаш ҷилд хеле олӣ ба қалам додаанд.
Бояд гуфт, ки устод аз худ асарҳои пурарзишро барои имрӯзиёну фардоиён ба ёдгор мондаанд.
Агар умр вафо мекард, устоди азиз Худойназар Асозода 25-уми соли равон ба синни мубораки 80 қадам мегузоштанд. Афсӯсу сад афсӯс, ки умр вафо накард ва 18-уми феврали соли 2014 дунёи фониро ба дунёи абад пайваст.
Зиндаву ҷовид монд ҳар кӣ накӯном зист,
К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.
Оре, ҳақ бар ҷониби шоир аст. Устод Х. Асозода бо кору пайкори нек, ростқавливу ҳақиқатпарастӣ ва фурӯтанияшон дар дилу дидаи шогирдон, дӯстону ҳамкорон зиндаву ҷовидонанд.
Эзоҳ: Х. Асозода аз соли 1996 то соли 2005 дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон (собиқ Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ) ба вазифаи мудири кафедраи забони тоҷикӣ фаъолият намудаанд.
Хизматҳои шоёни устод дар дилу дидаи устодони Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон доимо боқӣ хоҳад монд.
ВО ДАРЕҒ!
Дӯсти беҳтар зи ҷони мо видоъ,
Қадрдону меҳрубони мо видоъ.
Оқилу одил, чароғи маърифат,
Олими ширинзабони мо видоъ.
Такягоҳу муттакои мо будӣ,
Ҳомию пушту паноҳи мо будӣ.
Ҳар муаммое шавад пайдо агар,
Доимо мушкилкушои мо будӣ.
Рафтӣ аз дунёи фонӣ, во дареғ,
Ту ба хоби ҷовидонӣ, во дареғ.
Чун фаришта карда парвози баланд,
Рафтӣ аз ин зиндагонӣ, во дареғ.
Манзилу мавои ту обод бод,
Руҳу арвоҳи ту доим шод бод!
Наимҷон Назирӣ