Хабарҳо
Шарҳи талаботи нави таҳияи рисолаҳои илмӣ
Вобаста ба тағйироту иловаҳои нав дар ҳимояи рисолаҳои номзадӣ рӯзи 25 декабри соли равон дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисод бо иштироки доираи васеи профессорон, деканони факултаҳо, мудирони кафедраҳо ва унвонҷӯёну аспирантон ҷамъомад доир гардид. Муовини ректори донишгоҳ оид ба илм, Сафаров Баҳром ҷаласаро ҳусни оғоз бахшида оид ба тағйироти нав ҳангоми ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ибрози андеша намуд.
Профессори кафедраи соҳибкорӣ ва иқтисоди корхонаҳо Фақиров Ҳамидулло дар баромади худ қайд намуд, ки: ҳама чизи навро илм пешниҳод менамояд ва роҳбари илмӣ будан кори пуршараф аст. Инсон симои худро дар илм нишон дода метавонад. Мудирони кафедраҳои мо метавонанд кафедраро ба маркази илм табдил диҳанд. Вазифаи мо натиҷаҳои илмиро дастгирӣ кардан ва эътибори донишгоҳро дар фазои Тоҷикистон дар ҷодаи илм баланд нишон додан аст.
Дар охир Убайдуллоев Фаридулло, н.и.и., дотсент оид ба шарт ва талабот, санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳа доир ба расмиятдарории диссертасияҳо ва авторефератҳои илмӣ бо истифода аз асбобҳои айёнӣ баромад намуда, шарҳ дод ва ба суолҳои ҳозирин ҷавоб гуфт.
Тағоймурод Эшзода