Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Муҳокимаи рисолаи илмии докторӣ

Муҳокимаи рисолаи илмии докторӣ

Рӯзи 29 декабри соли 2021 дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон муҳокимаи кафедравии пешдифои рисолаи илмии н.и.и., дотсент Сафаров Баҳром Гулматович, муовини ректор оид ба илм дар мавзӯи «Қонуният ва тамоилҳои рушди кишварҳои дорои иқтисоди кушод дар шароити тақвияти ҳамгироии иқтисодии минтақавӣ (дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон)» баргузор гардид. 
Ҷаласаи якҷояи кафедраҳоро (кафедраи назарияи иқтисодӣ, кафедраи иқтисоди ҷаҳон ва тиҷорати байналмилалӣ) Қодиров Ф. А., муовини ректор оид ба равобити байналмилалӣ раисӣ карда, сараввал дар бораи фаъолияти меҳнатӣ, бахусус фаъолияти илмии унвонҷӯ Сафаров Б.Г. мухтасаран маълумот дод. 
Пасон диссертант Сафаров Б.Г. аз пажӯҳишҳои анҷомдодааш нуктаҳои асосию муҳим, аз ҷумла рушди қонуниятҳои инкишофи хоҷагии ҷаҳонӣ, шаклҳои зоҳиршавии бартариятҳои интегратсионӣ, рушди назарияи самараи ҳамгироӣ дар натиҷаи ҳамгироии сатҳи мезоиқтисодӣ, гардиши савдои хориҷӣ бо давлатҳои СҲИ, гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2000 – 2019, савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои аъзои гурӯҳҳои интегратсионии минтақавӣ, долонҳои нақлиётӣ дар доираи лоиҳаи (КАРЕКА), захираҳои иқтисодӣ ва имконоти содиротии давлатҳои ОМ, модели ҳамгироии Иттиҳоди Аврупо, модели ҳамгироии Хитой (СҲШ, Як камарбанд – як роҳ) ва дигар ҷанбаҳои тадқиқотро тариқи слайд шарҳ дода, ҷиҳатҳои назариявию методологии онро низ ба таври васеъ гуфта гузашт. 
sbpdf400.jpgАз ҷумла ишора шуд, ки муҳимтарин хусусияти иқтисодиёти муосири ҷаҳонишавӣ кушодагии иқтисодиёти кишвар мебошад, ки он ҳаракати озоди омилҳои истеҳсолот байни кишварҳо, рушди мубодилаи истеҳсолот ва дастрасӣ ба технология, таҳкими равандҳои ҳамгироӣ ва таҳкими алоқаҳои мустаҳками иқтисодии байни мамлакатҳоро таъмин менамояд. Кишварҳои дорои иқтисодиёти кушод ҳам суръати баланди рушди иқтисодро нишон дода тавонистанд ва ҳам тафовути даромади аҳолиро дар дохили кишвар аз байн бурда, ба ин васила сатҳи камбизоатиро дар кишвар коҳиш дода, зуд ва бомуваффақият ба иқтисоди бозорӣ гузаштанд. 
Баъд аз ин, мушовири илмӣ, узви вобастаи АМИТ, профессор Саидмуродзода Л.Ҳ. оид ба фаъолияти илмию педагогии унвонҷӯ, дар бораи муҳимият ва мубрамии мавзӯъ сухан гуфта, ҷанбаҳои назариявии мавзӯи таҳқиқотро, ки муаллиф ба таври фарох нишон додааст, хуб арзёбӣ карда, онро баохиррасида ҳисобид. 
Дар қисмати саволу ҷавоб Хоҷаев П., д.и.и, профессори кафедраи назарияи иқтисодӣ, Шарипов Б.М., профессори кафедраи фаъолияти бонкӣ, Кошонова М.Р., д.и.и, профессори кафедраи молия, Содиқов М., дотсент, декани факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ, Хоҷазода Д.Қ., дотсент, мудири кафедраи менеҷмент иштирок намуда, диссертант ба саволҳои додашуда ҷавобҳои мушаххас дод. 
Муқарризон Қандиёрова Д.О., д.и.и, профессори кафедраи назарияи иқтисодии ДДМИТ, Ҷонмамадов Ш.Б., д.и.и, профессори кафедраи кафедраи иқтисоди ҷаҳон ва тиҷорати байналмилалии ДДМИТ ва Иброҳимзода И.Р., д.и.и, профессор, мудири кафедраи молия ва суғуртаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон назари хешро оид ба мубрамият, мазмуну мундариҷа ва ба талабот ҷавобгӯ будани рисолаи илмӣ баён намуда, дар ин баробар, як қатор камбудию норасоиҳои корро ошкор намуданд. Аз ҷониби муқарризон барои боз ҳам беҳтар намудани мазмуну мундариҷа ва аҳамиятнокии рисола, дар рушди иқтисоди миллӣ коромад гардидани он ва ниҳоят, дар сатҳи зарурӣ ба дифои расмӣ пешниҳод кардани рисола маслиҳатҳои муфид дод шуд. 
Профессорон Хоҷаев П., Шарипов Б.М., Кошонова М.Р. ва Муртазоев Н., дотсенти кафедраи назарияи иқтисодӣ ба музокира баромада, барои минбаъд ба эътибор гирифтани дигар паҳлуҳои самти кор фикру андешаҳои ҷолиб манзур намуданд. 
Дар охир ҷаласа қарор кард, ки диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои иқтисодӣ аз рӯи ихтисосҳои 08.00.01. – назарияи иқтисодӣ ва 08.00.13 – иқтисоди ҷаҳон пас аз рафъи эроду камбудиҳо ва дар он мувофиқан ҷой додани пешниҳодҳои манзургардида ба ҳимояи расмии кушода дар вақти муқарраршуда пешкаш карда шавад. 


Тағоймурод Эшзода