Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Паёми табрикотии ректори ДДМИТ Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ бахшида ба фарорасии соли нави мелодии 2022

Паёми табрикотии ректори ДДМИТ Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ бахшида ба фарорасии соли нави мелодии 2022

УСТОДОН, КОРМАНДОН ВА ШОГИРДОНИ АЗИЗ! 


Ҳар яки Шуморо бо фаро расидани Соли нави мелодии 2022 самимона табрику муборакбод гуфта, хоҳони тансиҳатию хонаободӣ, оромиву осудагӣ, сарбаландӣ ва саодати доимии рӯзгори ҳамешагии Шумо ҳастам. 
Соли 2021 барои мардуми шарафманди мо соли таърихию сарнавиштсоз буд. Зеро имсол мо 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо шукӯҳу шаҳомати зиёд ва бо дастовардҳои беҳтарин ҷашн гирифтем. Соли 2021 дар хотири мардуми азизамон бо заҳмати содиқонаву софдилона барои ободии Ватани соҳибихтиёрамон, амалӣ гардидани максадҳои некуву созанда ва дастовардҳои нав ба нав нақш хоҳад баст. Ҳамчунин, Соли нави 2022-ро бо таманниёти нек ва нияту нақшаҳои бунёдкорона истиқбол менамоем. 
Барои ҳайати устодон, кормандон ва донишҷӯёни ДДМИТ низ соли 2021 соли бобарору хотирмон ва таърихӣ буд. Зеро дар ин сол Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ба дастовардҳои зиёди илмӣ ноил гардид. Аз ҳимояи бомуваффақияти рисолаҳои илмӣ то иштироки фаъолонаи устодону донишҷӯён дар конфронсҳои сатҳи ҷумриявию байналмилалӣ, ширкат ва комёбиву музаффарияти донишҷӯён дар сабқатҳову озмунҳои гуногун, дар доираи густариши ҳамкориҳо ба имзо расидани созишномаҳо байни муассисаҳои таълимию илмии дигар давлатҳо ва донишгоҳ, бо мақсади таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ вусъати корҳои ободонӣ - ин ҳама аз баракати соҳибистиқлолӣ сарчашма мегирад, ки баҳри пешрафти кору фаъолият нақши муҳим дорад. 
Боиси ифтихор аст, ки дар ҷамъбасти сол намояндагони мо – устодону донишҷӯён ва магистрантон дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, ба мисли “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм фурӯғи маърифат” ва олимпиадаҳои байналмилалии фаннӣ иштирок намуда, ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд, ки ин фахри таълимгоҳ аст. Мусаллам аст, ки ҷамъбасти хубу сазовор бовариро ба ояндаи нек афзун намуда, барои фаъолияти пурсамари минбаъда қувваи тоза мебахшад. Маҳз неруи созандаву фаъолияти эҷодкоронаву ташаббускорона ва муносибати дилсӯзонаву содиқона, шавқу завқ ва рӯҳияи баланди устодон ва насли ҷавон дар самти баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва пешравии таълимгоҳ омили асосӣ маҳсуб мегардад ва дорои ин сифатҳо будани ҳар кадоми мо шарти зарурист. 
Дар умум, соле, ки сипарӣ гардид, бо воқеаҳои фараҳбахш барои аҳли коллективи донишгоҳ хотирмон буда, натиҷаи заҳмати пурмасъули устодону профессорон ва донишҷӯён мебошад. 
Бигзор, Соли нави мелодӣ барои хонадони ҳар яки Шумо соли сулҳу оромӣ, файзу баракат ва пешрафту дастовардҳои навин гардад! 


Соли наватон муборак!