Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Натиҷаҳои ДДМИТ дар соли 2021 назаррасанд

Натиҷаҳои ДДМИТ дар соли 2021 назаррасанд

Рӯзи 31 декабри соли 2021 дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҷаласаи васеи ғайринавбатии Шӯрои олимон доир гардид, ки дар он ҳайати профессорону устодон ва кормандони донишгоҳ иштирок намуданд. 
Тибқи рӯзномаи ҷаласа маърӯзаи ректори донишгоҳ Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ ҳисобот оид ба натиҷаҳои фаъолияти ДДМИТ дар соли 2021 ва вазифаҳо барои соли 2022 шунида шуд, ки фарогири фаъолияти тамоми ҷабҳаҳои донишгоҳ дар муддати соли ҳисоботӣ буд. 
Ректор дар бораи натиҷаҳои фаъолияти яксолаи таълимгоҳ муфассал суханронӣ карда, барои соли 2022 вазифаҳоро муқаррар ва масъулини соҳаҳои дахлдорро муваззаф кард. Дар баромади мавсуф ҳамаи паҳлуҳои фаъолияти сохторҳо ҳамаҷониба таҳлил ва нисбати беҳбудӣ бахшидан дар самти корҳои таълимию методӣ, илмӣ, тарбиявӣ, равобити байналмилалӣ ва молиявию хоҷагидорӣ андешаҳои ҷолиб иброз гардид. 

 Donsh400.jpg  Donsh400.jpg


Сараввал ректор дар бораи дастовардҳои соли сипаригардида истода гузашт ва чунин иброз дошт: 
- Соли 2021 барои мардуми шарафманди мо соли таърихию сарнавиштсоз буд. Зеро имсол мо 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо шукӯҳу шаҳомати зиёд ва бо дастовардҳои беҳтарин ҷашн гирифтем. Соли 2021 дар хотири мардуми азизамон бо заҳмати содиқонаву софдилона барои ободии Ватани соҳибихтиёрамон, амалӣ гардидани максадҳои некуву созанда ва дастовардҳои нав ба нав нақш хоҳад баст. Барои ҳайати устодон, кормандон ва донишҷӯёни ДДМИТ низ соли 2021 соли бобарору хотирмон ва таърихӣ буд. Зеро дар ин сол Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ба дастовардҳои зиёди илмӣ ноил гардид. Дар ин сол 1 рисолаи докторӣ ва 24 рисолаи номзадӣ ҳимоя карда шуд. 

 Donsh400.jpg  Donsh400.jpg  Donsh400.jpg  Donsh400.jpg


Боиси ифтихор аст, ки дар ҷамъбасти сол намояндагони мо – устодони мо мукофотҳои давлатӣ – медали “Хизмати шоиста”, Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ гирифтанд. Ҳамзамон, омӯзгорону донишҷӯён ва магистрантон дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, ба мисли “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, Гулпарӣ Ҳусейнова, омӯзгори кафедраи забонҳои хориҷӣ, ҷойи 1-ум, “Илм - фурӯғи маърифат”, Муҳаммадфирӯз Ҳасанов, магистранти курси 1, ҷойи дуюм ва дар олимпиадаҳои байналмилалии фаннӣ иштирок ва ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд, ки ин фахри таълимгоҳ аст. Ҳамаи ин натиҷаҳои хубу сазовор бовариро ба ояндаи нек афзун намуда, барои фаъолияти пурсамари минбаъда неруи нав ато мекунад. 
Ректор ҳангоми ироаи ҳисобот дар ҳамаи самтҳо аз беҳтаринҳо ёдовар шуд, ки дар самти иҷрои корҳои илмию тадқиқотӣ, корҳои тарбиявӣ, корҳои таълимӣ ва интизоми меҳнат натиҷаҳои назаррас нишон додаанд ва онҳоро барои дигарон намунаи ибрат хонд. 



 Donsh400.jpg  Donsh400.jpg


Дар баробари пешравиҳои фаъолияти меҳнатӣ ректор, инчунин, аз баъзе камбудиҳое ёдовар шуд, ки барои рушди таълимгоҳ монеа эҷод менамоянд, ба мисли дар сатҳи паст баргузории дарсҳои кушод ва иштирок ба машғулиятҳои ҳамдигар, норасоӣ дар фаъолияти кории бархе аз кураторон эрод гирифта шуд, таҷдид намудани лексияҳои омӯзгорон ва барои ислоҳи камбудиҳо масъулин муваззаф гардиданд. 
his_sln4004.jpgДар ҷамъбаст Неъматов И., Абдулвоҳидова Ф., Аслонова Н., Сафаров Б., Маханов Р. дар музокира иштирок ва фаъолияти яксолаи донишгоҳро қаноатбахш арзёбӣ намуда, аз корҳои анҷомдодаи раёсати таълимгоҳ изҳори қаноатмандӣ намуданд ва дар ин баробар, барои пешравии фаъолияти минбаъда фикру мулоҳизаҳои мушаххас пешниҳод карданд. 
Баъд аз ин ректори донишгоҳ Хайрзода Ш.Қ. дар боби қадрдонӣ ва сарфарознамоии устодону кормандон сухан карда, барои дастовардҳои беҳтарин – ишғоли ҷойи 1 дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” Гулпарӣ Ҳусейнова Ифтихорнома ва ба миқдори 10 000 сомонӣ, ба Муҳаммадфирӯз Ҳасанов барои ишғоли ҷойи дуюм дар озмуни ҷумҳуриявии “Илм - фурӯғи маърифат” Ифтихорнома ва 5000 сомонӣ, ба Исломов Тоҳир, дотсенти кафедраи андоз ва андозбандӣ барои омодасозии шогирдон дар озмуни “Беҳтарин донандаи Кодекси андоз” Ифтихорнома ва 500 сомонӣ, ба Айниддинов Ибодулло нишони “Аълочии варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ”, Ифтихорнома ва 500 сомонӣ, ҳамчунин, ба кормандоне, ки дар фаъолияти корӣ дар самти таълим, илм, робитаҳои байналмилалӣ, тарбия, хоҷагӣ бенуқсон кор кардаанд, ба мисли Шодмонов Миралӣ, Холмуродов Худойдод ва Шоев Толиб мукофотпулӣ ва Ифтихорномаи донишгоҳро тақдим намуд. 
Дар ҷамъбаст ректори таълимгоҳ аҳли толорро бо омад-омади соли нави мелодии 2022 табрик ва ба ҳозирин саломатӣ, рӯзгори обод ва дастовардҳои навро таманно намуда, дар соли нав фаъолияти аз ин ҳам пурмаҳсулу ташаббусҳои нав ва масъулиятшиносиро хостор шуд. 


Машҳура Абдуллоева