Хабарҳо
Ҷавҳари фалсафа дарёфти ҳақиқат аст
Бо ташаббуси шуъбаи мониторинг ва идораи сифати таълими донишгоҳ минбаъд бо иштироки устодони кафедраҳо ва муҳаққиқони ҷавони донишгоҳ дар кафедраҳои умумидонишгоҳӣ семинарҳои илмӣ ва дарсҳои кушод доир карда мешавад.
Лексияи кушоде, ки онро профессори кафедраи фанҳои гуманитарӣ Ғуломҷон Мирзоев дар толори конфронсӣ ташкил ва гузаронид, аз ҷумлаи чорабиниҳои банақшагирифтаи кафедраи номбурда дар ин самт мебошад.
Пеш аз оғози дарс А. Муллоҷонов, сардори шуъбаи мониторинг ва идораи сифати таълим роҷеъ ба зарурати ташкили дарсҳои кушод ва аҳамияту таъсири он ба боло бурдани сатҳу сифати дарсҳо ва раванди таълим сухан кард.
Сипас, профессор Ғ. Мирзоев лексияро оғоз намуда, мавзуъ ва мақсади дарсро гуфта, мақоми фалсафа дар ҷаҳонбинии шахс, мафҳумҳои луғавӣ ва илмии фалсафа, тамаддунҳои башарӣ, муносибатҳои тафаккур ба ҳастӣ ва равияҳоро муфассал фаҳмонид.
Профессор аз ҷумла зикр кард, ки маънои фалсафа муҳаббат ба хирад аст, танҳо хирад инсонро соҳибҳунар карда метавонад, фалсафа қонунҳои асосии пайдоиш ва олами ҳастиро дар бар мегирад ва умуман, ҷавҳари фалсафа дарёфти ҳақиқат мебошад.
Дар хусуси ҷаҳонбинии устуравӣ, динӣ ва илмӣ-фалсафӣ низ сухан рафта, зимни шарҳи методология, қонунҳои илмӣ ва мафҳумҳои фалсафӣ аз «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ ва дигар мутафаккирон оид ба хирад мисолҳо оварда шуд.
Лексияро ҷамъбаст намуда, профессор бо роҳи саволу ҷавоб мавзуи дарсиро мустаҳкам намуд. Устод Ғ. Мирзоев дар анҷоми дарс баромад намуда, оид ба мавзӯъ, вазифа, нақшаи дарс ва расидан ба мақсади гузошташудааш ибрози андеша кард.
Сайдалӣ Ҳайитов, мутахассиси шуъбаи мониторинг ва идораи сифати таълим аз таҳлили анҷомдодаи худ оид ба лексияи кушоди баргузоршуда сухан гуфта, баъзе эродҳои ҷузъӣ ва муваффақиятҳои дарсҳо қайд ва онро қаноатбахш арзёбӣ кард.
А. Муллоҷонов, сардори шуъбаи мониторинг ва идораи сифати таълим ба лексияи кушоди доиршуда баҳои мусбат дода, онро ҳамчун дарси намунавӣ ҳисобид.
Тағоймурод Эшзода