Хабарҳо
Қадрдонии донишҷӯёни муваффақи ДДМИТ
Рӯзи 5 январи соли 2022 дар меҳмонхонаи «Ҳаят Реҷенсӣ»-и шаҳри Душанбе дар доираи ҷамъбасти фаъолияти кор бо ҷавонон дар соли 2021 донишҷӯёни ДДМИТ аз беҳтаринҳо дониста шуданд. Аз ҷумла, Тахминаи Идибой, донишҷӯйи курси 3 факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ, Дилноза Қурбонова, донишҷӯйи курси 3 факултети ҳисобдорӣ ва омор, Ҳусейн Давлатзода, донишҷӯйи курси 2 факултети иқтисод ва бизнес аз рӯзи номинатсияи «Ғолибони Стипендияи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар қатори нафарони муваффақ эътироф гардиданд. Инчунин, Манижа Солеҳова, донишҷӯйи курси 3 факултети иқтисод ва бизнес, Иқбол Қодиров, донишҷӯи курси 2 факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ аз рӯйи номинатсияи «Беҳтарин волонтёр дар соли 2021», Гулзод Маҳкамбой Ҷума, донишҷӯйи курси 2 шуъбаи фосилавии факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ аз рӯйи номинатсияи «Беҳтарин корманди соҳаи кор бо ҷавонон дар соли 2021» дониста шуда, ба Диплом, мукофотпулӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
Гуфта мешавад, ки аз маҷмӯи 80 ҷоизаи кумита 6 ҷоизаро донишҷӯёни ДДМИТ сазовор гаштаанд, ки дар миёни муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар мавқеи аввалинро ишғол менамояд.
Дар ин чорабинӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Ширин Амонзода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Абдулло Раҳмонзода, раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода, намояндагони вазорату кумитаҳо, идораву муассисаҳо, роҳбарони муассиаҳои таҳсилоти олии касбӣ, намояндагони воситаҳои ахбори омма ва ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуданд.
Лозим ба ёдоварист, ки ҳамасола озмун барои дарёфти стипендияи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ доир гардида, 18 нафар беҳтаринҳо тибқи квотаи муқарраргардида аз рӯйи минтақаҳо ғолиб муайян гардида, давоми 9 моҳи соли хониш бо идрорпулӣ қадрдонӣ карда мешаванд. Ғолибони озмуни мазкур низ дар маросими ҷамъбасти соҳаи кор бо ҷавонон қадрдонӣ шуданд.
Дар охир бо иштироки як гурӯҳ сарояндагони машҳур барномаи фарҳангӣ доир гардид.
Н. Ҷобиров