Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Бӯйи мушк пинҳон намонад

Бӯйи мушк пинҳон намонад

Китобхонаи илмии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар озмуни «Китобхонаи беҳтарин», ки дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ таҳти рақами №219 аз 21-уми апрели соли 2021 байни 33 китобхонаи муассисаҳои олӣ, миёна ва миёнаи махсуси касбии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе баргузор гардида буд, ҷойи якумро соҳиб шуд. Директори китобхонаи илмии донишгоҳ Абдуқаюм Юнусов асоси ноил шудан ба ин ғолибиятро дар сатҳи баланди хизматрасонии электронӣ ва картотекӣ ба донишҷӯёну устодон, ғанӣ будани фонди адабиёти илмӣ, тахассусӣ, бадеӣ, интизоми баланди меҳнатӣ ва якдилу якҷо будани коллектив медонад. 
Имрӯз дар китобхона ғайр аз роҳбар 2 нафар китобдори калон, 3 китобдор, 1 китобшинос ва 1 нафар сармутахассиси китобхонаи электронӣ ба мизоҷон хизмат мерасонанд. Айни ҳол китобхонаи илмии донишгоҳ дорои толори хониши барҳаво буда, барои 200 нафар ҷойи нишаст дорад ва фонди умумии китобҳо 110 ҳазору 700 нусхаро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, 86 ҳазор нусха китобҳои тахассусӣ ва умумитаълимӣ, 14 ҳазор нусха китобҳои илмӣ, 6 ҳазор китобҳои бадеӣ, 4 ҳазор нусха дастуру барномаҳо, силлабусҳо ва бонки лексияҳо, 43 нусха рисолаи илмӣ, 2 нусха рисолаи докторӣ, 125 нусха фишурдаи рисолаҳо-авторефератҳо номгӯйи адабиёти ин махзани донишро ташкил медиҳад. Ҳамчунин, 870 ҳазор китобҳои электронӣ дар хизмати ташнагони илму маърифат қарор доранд. 
Дар натиҷаи беҳтар ва фароҳам шудани шароити корӣ дар китобхонаи электронии донишгоҳ омаду рафти донишҷӯён давоми моҳҳои соли 2021 зиёд гардида, аз 450 то ба 610 нафар расид, ки нисбат ба соли қаблӣ 14% зиёд аст. Айни ҳол дар китобхонаи илмӣ ва электронии донишгоҳ ҳамагӣ 55 адад компютери ҳозиразамон мавҷуд буда, аз ин 38-тояш ба шабакаи Интернет пайваст мебошад. 
Аз аввали соли 2021 то имрӯз ба китобхона як қатор номгӯйи китоб, воситаҳои таълимӣ ва дастурҳои методӣ харидорӣ карда шудаанд, ки қариб 3250 нусхаро ташкил медиҳанд, ки назар ба соли 2020 15% зиёд мебошад. 
Дар таърихи 5-уми январи соли равон китобхонаи илмии донишгоҳ дар озмуни шаҳрӣ иштирок намуд, ки натиҷаи он рӯзҳои наздик муайян хоҳад шуд. 
Мо умед бар он мебандем, ки дар озмуни шаҳрӣ ҳам китобхонаи илмии донишгоҳ пешсаф хоҳад шуд. 


Тағоймурод Эшзода