Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Аввалин муҳокимаи рисолаи номзадӣ

Аввалин муҳокимаи рисолаи номзадӣ

Санаи 8-уми январи соли 2022 дар толори Шӯрои диссертатсионии ДДМИТ муҳокимаи пешакии рисолаи номзадии ассистенти кафедраи менеҷменти донишгоҳ Умед Халилзода дар мавзуи “Хусусиятҳои минтақавии идоракунии хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва самтҳои баландбардории самаранокии онҳо (дар асоси маводҳои вилояти Суғд)” зери роҳбарии н.и.и., дотсент Хоҷазода Давронҷон баргузор гардид, ки дар он доираи васеи профессорону номзадони илм ва ҳайати устодони кафедраи менеҷмент ширкат варзиданд. 
Ҷаласаро муовини ректор оид ба илм н.и.и., дотсент Сафаров Баҳром кушода, аз ҷумла қайд кард, ки омода намудани кадрҳои илмӣ-педагогӣ яке аз ҳадафҳои стратегии донишгоҳ ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, баргузор намудани чунин муҳокимаҳо барои баландбардории савияи касбии устодон ва таъмини донишгоҳ бо кадрҳои дорои дараҷа ва унвони илмӣ мусоидаткунанда мебошад. 
Ҳамзамон, мавсуф оид ба актуалӣ ва муҳим будани мавзуи баррасишаванда низ изҳори назар карда, қайд намуд, ки дар шароити муосир он муҳим мебошад. Хоса барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои масоҳати ками заминҳои кишт буда, солҳои охир тамоюли зиёдшавии аҳолӣ ба назар мерасад, истифодаи самараноки заминҳои мавҷуда бо ҷорӣ намудани усулҳои муосири идоракунӣ муҳим арзёбӣ мегардад. 
avpshd401.jpgБаъдан, котиби ҷаласа Абдусалим Ҳамидов дар бораи фаъолияти меҳнатӣ ва илмии унвонҷӯ Умед Халилзода мухтасар маълумот дода, аз пажӯҳишҳои анҷомдодаи ӯ нуктаҳои муҳимро баён намуд. Дар ин баробар, роҳбари илмӣ, н.и.и., дотсент Д. Хоҷазода оид ба фаъолияти илмию педагогии унвонҷӯ, бобати муҳиммият ва мубрамии мавзуи мавриди таҳқиқ қароргирифта сухан гуфта, ҷанбаҳои назариявӣ ва амалии таҳқиқотро арзёбӣ карда, онро баанҷомрасида ҳисобид. 
Муқарризон С.Мирсаидов, д.и.и., профессори кафедраи менеҷменти ДДМИТ, Ф.Қодиров, н.и.и., дотсенти кафедраи иқтисоди корхонаҳо ва соҳибкории ДДМИТ ва С.Бегмуродов, н.и.и., дотсент, мудири кафедраи менеҷменти инвеститсионӣ ва меркетинги Донишгоҳи технологии Тоҷикистон назари хешро оид ба мубрамият, мазмуну мундариҷа ва ба талабот ҷавобгӯ будани рисолаи илмӣ баён намуда, ҳамчунин, як қатор камбудию норасоиҳоро низ ошкор намуданд. Аз ҷониби муқарризон барои боз ҳам беҳтар намудани мазмуну муҳтаво ва аҳамиятнокии рисола маслиҳатҳои муфид ироа гардид. 
Ҷаласа қарор кард, ки диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ аз рӯи ихтисоси 08.00.05. – (Иқтисодиёт ва идоракунии хоҷагии халқ) иқтисодиёти минтақавӣ пас аз рафъи эроду камбудиҳо ва ҷой додани пешниҳодҳои манзургардида аз ҷониби муқарризони расмӣ ва ғайрирасмӣ ба зинаи дигар дар вақти муқарраршуда пешкаш карда шавад. 
Дар анҷом иштирокчиён оид ба мавзуи баррасишаванда саволҳо дода, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд. 


Тағоймурод Эшзода