Хабарҳо
Мавқеи муҳими фанни география
Гузаронидани дарсҳои кушод аз тарафи устодони лаёқатманд ва таҷрибадор амали хубест, ки имрӯзҳо дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ба ҳукми анъана даромадааст. Чунин дарси кушод дар мавзуи «Мавқеи геополитикӣ ва тақсимоти маъмурию сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи муаллимаи калони кафедраи фанҳои табиатшиносӣ Вазира Орифҷонова баргузор гардид. Муаллима оид ба мавқеи геополитикӣ ва маъмурию сиёсии ҷумҳурӣ суханронӣ намуда, аз ҷумла қайд кард, ки дар вохӯриҳо бо зиёиёни кишвар (моҳи июни соли 1997) Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ба донишҷӯён омӯзонидани фанни географияи иқтисодӣ ҳатмӣ бошад. Ҳамин аст, ки имрӯз дар тамоми муассисаҳои таълимӣ ин фан омӯзонида мешавад.
Омӯзгор дар дарс дар бораи робитаҳои дипломатӣ ва тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мамлакатҳоии дунё истода гузашт.
Дар охир мудири кафедраи гуманитарӣ Х. Насриддинов, дотсентон М. Манғитов ва У. Сабуров ба маърузачӣ чандин савол дода, ба онҳо ҷавобҳои қонеъкунанда гирифтанд. Рӯзмарраву аҳамиятнок ва ба талаботи шароити ҳозира ҷавобгӯ будани машғулиятҳои гузаронидашуда аз тарафи баромадкунандагон қайд карда шуд.
Дар ҷамъбаст, Саидалӣ Ҳаитов фикру ақидаҳояшро оид ба бурду бохти дарси кушод ибрози ақида намуд.
Тағоймурод Эшзода