Хабарҳо
Мақомоти гумрук дар даврони истиқлолият: рушд ва муаммоҳо
Бо ибтикори кафедраи фаъолияти гумрукии ДДМИТ бахшида ба 30-солагии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввари донишгоҳӣ дар мавзӯи «Мақомоти гумрук дар даврони истиқлолият: рушд ва муаммоҳо» баргузор гардид. Кормандон ва собиқадорони Хадамоти гумрук ва устодони донишгоҳ масъалаҳои саҳми имтиёзҳои тарифии гумрукӣ дар рушди соҳибкории истеҳсолӣ ва вазъи имрӯзаву имкониятҳои рушди иқтидори содиротии кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Нахуст, сардори Раёсати илм ва инноватсия Е. Мирзоева мизи мудавварро ифтитоҳ намуда, кормандони ин хадамотро бо иди касбиашон таҳният гуфт ва дар бораи саҳми мақомоти гумрук дар пешрафти иқтисодиёти мамлакат сухан ронд.
Сипас, муовини якуми сардори Раёсати минтақавии гумруки шаҳри Душанбе Хуршед Бобоев, декани факултети такмили ихтисоси омӯзгорони Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустиии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сабзалӣ Шарифзода, сардори Раёсати робитаҳои байналмилалии хадамот Манучеҳр Маҳмадҷонов, нозири калони Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии Хадамоти гумрук Абдуқодир Собирзода, инчунин мудири кафедраи назарияи иқтисодии ДДМИТ Фирӯз Насриддинов, дотсенти кафедраи фаъолияти гумрукии ДДМИТ Қудратулло Мираков бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуданд.
Дар идома муаллими калони кафедраи фанҳои гуманитарӣ Фирӯза Абдулвоҳидова дар мавзуи «Гузаргоҳҳои гумрукии Бухорои Шарқӣ дар охирҳои асри IX ва ибтидои асри XX» ва н.и.и. Зафар Ҳалимхонов дар мавзӯи «Омилҳои асосии пешбарандаи фаъолияти мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо маърӯза баромад намуданд.
Маърӯзачиён, аз ҷумла иброз доштанд, ки соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳкими ҳокимияти давлатӣ, муайян намудани самтҳои инкишофи ҷомеаи демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёду ягона асос ва заминаи воқеӣ ба вуҷуд овард.
Бо мақсади таъмини амнияти иқтисодӣ ва ҳифзи манфиатҳои иқтисодии Тоҷикистон, ташкили назорати гумрукӣ, пешгирии муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва мубориза бар зидди қочоқ 22 январи соли 1991 Саридораи назорати гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Новобаста аз мушкилиҳои сиёсӣ ва давраи ҳасостарини инкишофи таърихи давлатдории тоҷикон дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 ноябри соли 1992 дар баробари ҳаллу фасли масъалаҳои муҳимтарини сиёсӣ, нахустин Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарифи гумрукӣ» қабул гардида, мавриди амал қарор дода шуданд.
Кори мақомоти гумрук аз он замон сарчашма гирифта, вазифаҳои ниҳоят мураккаб, ба мисли ҳимояи манфиатҳои иқтисодии давлат, пешгирии қочоқи молу воситаҳои нақлиёт ва дигар маводҳои хатарнок, барасмиятдарорӣ ва назорати гумрукӣ, ситонидани пардохтҳои гумрукӣ ва пеш бурдани омори гумрукиро ба уҳда дорад.
Мақомоти гумрук дар тӯли 30 соли фаъолияташ ба муваффақиятҳои назаррас ноил шуда, дар қатори дигар сохторҳои бахши иқтисодӣ ва ҳифзи ҳуқуқӣ саҳми арзандаи худро дар ҷомеа гузоштааст.
Дар охири мизи мудаввар муҳокима ва мубодилаи афкор сурат гирифта, иштирокчиён вобаста ба беҳтар намудани самти кори мақомоти гумрук таклифу пешниҳодҳои судманд ироа намуданд.
Тағоймурод Эшзода