Хабарҳо
Рушди ҳамкориҳои шабакавӣ
Дар доираи лоиҳаи «Рушди ҳамкориҳои шабакавии байни донишгоҳҳо - омили баланд бардоштани сифати таълим ва рушди касбии ҳайати омӯзгорон» рӯзи 14 январи соли ҷорӣ конфронси ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои лоиҳа гузаронида шуд. Дар он намояндагони муассисаи шарики хориҷӣ - Донишгоҳи иқтисодии шаҳри Варнаи Ҷумҳурии Булғористон, намояндагон баъзе аз муассисаҳои олии мамлакат ва ба таври онлайн устодони Донишгоҳи давлатии Данғара иштирок намуданд.
Нахуст менеҷери лоиҳа Хуршед Ҷумъабоев оид ба фаъолияти лоиҳа ба таври муфассал сухан ронда, саҳми онро дар мустаҳкам намудани базаи моддию техникии донишгоҳ, баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия ва замонавӣ будани ин ҳамкориҳо қайд намуд.
Сипас, Саъдихуҷа Маъдиев, мудири кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ дар бораи баланд бардоштани сатҳу сифати таълим бо истифода аз технологияҳои пешрафтаи иттилоотӣ ва таълимӣ тавассути ташкили шабакаҳои фосилавии таълимӣ баромад кард.
Дар кори конфронс Эмин Сангинзода, эксперти миллӣ, Меҳриддин Тоҷидинов, мушовири маҳаллии рушди таҳсилоти олии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Манучеҳр Диловаров, менеҷери лоиҳа низ ширкат варзиданд.
Пасон як навор аз тарафи кормандони студияи сабти донишгоҳ дар бораи самаранокии сифати таълим бо истифода аз технологияҳои ҳозиразамон ба ҳозирин намоиш дода шуд.
Дар охир Петр Петров, мушовири Донишгоҳи иқтисодии Варна ба таври онлайн баромад намуда, аз ҳамкориҳои судманди лоиҳавии ду донишгоҳи иқтисодӣ изҳори қаноатмандӣ намуд.
Зикр карда шуд, ки тавассути амалӣ намудани ин лоиҳаҳо дар ДДМИТ 2 китоб ва 6 барномаи таълимӣ ба чоп расонида шуданд. Лозим ба ёдоварист, ки дар доираи амалисозии лоиҳаи «Рушди ҳамкориҳои шабакавии байни донишгоҳҳо - омили баланд бардоштани сифати таълим ва рушди касбии ҳайати омӯзгорон» семинари омӯзишӣ дар мавзӯи “Коркарди маҷмӯи таълимӣ-методӣ” аз ҷониби мутахассисони соҳавӣ доир гардид. Ҳамчунин, дар асоси нақшаи татбиқи ин лоиҳа дар ДДМИТ дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии Данғара студияи сабти видеоии дарсҳо барои донишҷӯён ташкил карда шуд.
Дар охири конфронс аҳли нишаст аз натиҷаҳои ҳамкориҳои шабакавӣ изҳори сипос намуда, барои дар оянда боз ҳам густариш додани ин робитаҳо умедворӣ намуданд. Бо ҳамин натиҷагирӣ конфронс ба кори худ анҷом пазируфт.
Тағоймурод Эшзода