Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Омӯзиши технологияҳои информатсионӣ талаботи замон

Омӯзиши технологияҳои информатсионӣ талаботи замон

Вобаста ба амалӣ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2020, таҳти рақами №1445 оид ба эълон гардидани солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ва барои баланд бардоштани савияи дониши техникии мутахассисон ва омӯзгорон дар давоми таътили зимистона курсҳои омӯзишии истифодаи технологияҳои нави муосир (тахтаҳои электронӣ, видеопроектор ва дигар таҷҳизотҳои техникӣ) дар муассисаҳои олии касбии ҷумҳурӣ курсҳои даҳрӯзаи омӯзиши технологияҳои иттилоотӣ ба роҳ монда мешавад. 
Вобаста ба ин масъала тибқи ҷадвали аз тарафи ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон тасдиқ кардашуда аз санаи 13-уми январи соли равон дар Маркази тестии бинои №4 донишгоҳ бо иштироки омӯзгорон ва ҳуҷҷатнигорони факултаҳо, кафедраҳои умумидонишгоҳӣ ва тахассусӣ курсҳои омӯзишии технологияҳои информатсионӣ аз фанни технологияи иттилоотӣ оғоз гардид, ки дар он муовини аввал, муовини ректор оид ба таълим Ҳакимбек Абдуалимзода ва сардори Раёсати таълим Асомуддин Қаландаров иштирок ва суханронӣ намуданд. 
Мавсуф дар бораи аҳамияти омӯзиши технологияҳои иттилоотӣ барои ҳар як нафар омӯзгор ва ҳуҷҷатнигор истода гузашта, дар машғулиятҳо босамар истифода бурдани тахтаҳои электронӣ ва дигар таҷҳизоти электронии таълимро зарур донист ва аз фурсати муносиб истифода бурда, аз барномаҳои компютерӣ ва дарсҳои амалӣ истифода бурда, технологияҳои иттилоотиро омӯхтанро шарти муҳимми боло бурдани савияи дониш ва малакаи касбии ҳар як нафар омӯзгор маънидод кард. 
Бояд гуфт, ки машғулиятҳо аз тарафи омӯзгорони факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт ва мутахассисони Маркази технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии донишгоҳ гузаронида шуда, он то 23 январи соли ҷорӣ идома хоҳад ёфт. 


Тағоймурод Эшзода