Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

КИ ибтидоии «Молия ва иқтисод» Кумитаи беҳтарин

КИ ибтидоии «Молия ва иқтисод» Кумитаи беҳтарин

Соли 2022 барои кормандони ДДМИТ ва аъзоёни ҲХДТ бо дастоварди нав оғоз гардид. Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Молия ва иқтисод» дар озмуни ҲХДТ дар номинатсияи «Кумитаи беҳтарин» ғолиб омад ва кумитаи беҳтарин эътироф гардид. Ин озмун дар байни кумитаҳои ибтидоӣ дар соли 2021 бахшида ба 30-солагии Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 27-солагии таъсисёбии ҲХДТ сурат гирифта буд. 
Дар маҷлиси ҳисоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ, ки рӯзи 18 январи соли 2022 дар маҷлисгоҳи Бонки миллии Тоҷикистон шуда гузашт, Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Молия ва иқтисод» ғолиби озмуни даврии шаҳрӣ эълон гардида, сазовори Дипломи дараҷаи 1 гардид. 
Дипломро ба ректори ДДМИТ Шукрулло Хайрзода муовини раиси ҲХДТ Латифзода Асрор дар вазъияти тантанавӣ супорид ва барои фаъолияти пурсамари ҳизбӣ барору комёбӣ хост. 
Мо бо ин дастоварди навин аъзоёни ҲХДТ-ро самимона табрик намуда, дар фаъолияти минбаъдаи ҳизбӣ муваффақиятҳо хоҳонем.


 Donsh400.jpg  Donsh400.jpg