Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Ҳашари донишгоҳӣ

Ҳашари донишгоҳӣ

Кормандони бахши хоҷагии донишгоҳ бо мақсади дар амал татбиқ намудани қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 20 октябри соли 2021 дар бораи нақшаи чорабиниҳо оид ба шинонидани ниҳоли дарахту буттаҳо, гулҳои мавсимию бисёрсола дар давраи тирамоҳи соли 2021 ва баҳори соли 2022 ва боз ҳам сабзу хуррамгардонии кӯчаю хиёбонҳо, боғу гулгаштҳо ва майсазор намудани мавзеъҳои пойтахт, 20 январи соли равон ба ҳашари умумӣ баромада, дар назди бинои хобгоҳи рақами 1 гулҳои ороишии садбарг шинонида, гирду атрофи дарахтонро нарм намуданд. 
Тавре дар суҳбат ба мо, сардори Раёсати маъмурию хоҷагии донишгоҳ Мирзошариф Мирзоолимов иброз дошт, аллакай дар майдончаҳои гирду атрофи бинову роҳравҳои донишгоҳ 1600 тухмаки гули лола, 3000 ниҳоли садбарг ва 70 дарахти ороишии сирена шинонида шудааст. 
Бояд гуфт, ки тозаву озода ва сабзу хуррам нигоҳ доштани муҳити зист нерую илҳоми тоза бахшида, ҳисси зебоипарастиро дар шахс бедор менамояд ва корҳои хуррамгардонӣ дар донишгоҳ дар тамоми фасли сол пайваста идома меёбад. 

 Donsh400.jpg  Donsh400.jpg


Тағоймурод Эшзода