Хабарҳо
Ҳифзи табиат вазифаи инсонист
Дар доираи нақшаву чорабиниҳои донишгоҳ бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани малакаву методҳои замонавии омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ ва беҳтар кардани сифати таълим дар муассисаҳои таълимии олии ҷумҳурӣ имрӯз дарси кушоди дотсент, мудири кафедраи табиатшиносӣ Одилҷон Улуғов дар мавзӯи «Экология ҳамчун илм ва саҳми он дар иқтисодиёт» баргузор гардид, ки хеле хотирмон гузашт.
Номбурда оид ба омилҳои экологӣ, аҳамияти атмосфера ба инсон, харобшавӣ ва оқибатҳои хатарноки он, вобаста будани саломатии инсон аз муҳити зист, роҳҳои олудашавии муҳити зист, натиҷаи таъсири «боронҳои экологӣ» ва миқдори зиёд шудани партовҳо истода гузашта, аз ҷумла қайд намуд, ки:
- Имрӯзҳо тағйирёбии иқлим боиси марги замин шуда истодааст. Мо бояд мувозинати экологиро нигоҳ дорем, чунки саломатии инсон аз муҳити зисти тоза вобастагии калон дорад. Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» аз ҳар шаҳрванди ҷумҳурӣ тоқазо менамояд, ки табиатро тозаву озода нигоҳ доранд. Бештар дарахт шинонанду гирду атрофро сабзу хуррам нигоҳ доранд, то ҳаво соф бошаду ба саломати инсон зарар нарасонад.
Дар бахши саволу ҷавобҳо ҳозирин аз барномаҳои махсуси байниҳукуматӣ, чорабиниҳои давлатӣ ва шашгонаи экологӣ суолҳо дода, ба онҳо ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
Мутахассиси шуъбаи мониторинг ва идораи сифати таълим Саидалӣ Ҳаитов бурду бохти дарси кушодро ҳаматарафа таҳлил намуда, онро яке аз машғулиятҳои намунавӣ ҳисобид.
Тағоймурод Эшзода