Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Ҷомеа бе забон ҷоҳил мешавад

Ҷомеа бе забон ҷоҳил мешавад

Санаи 22-юми соли равон дарси кушоди профессори кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Озод Саидҷаъфаров дар мавзуи «У»-и дароз ва вожаҳои арабӣ» баргузор гардид, ки дар он шумораи зиёди устодону унвонҷӯён аз кафедраҳои забони тоҷикӣ, хориҷӣ ва гуманитарӣ иштирок доштанд. Номбурда дар баромади худ аз ҷумла қайд намуд: 
- Вожаҳои арабӣ қисмати бузурги захираи луғавии забони тоҷикиро ташкил медиҳанд. Мо агар қолабро ҳифз кунем, калимаҳо худашон пайдо мешаванд. Аз ёд кардани қолабҳо ва вожаҳои арабӣ на танҳо дар дуруст навиштан, ҳамчунин, дар донишманд гардидан ҳам ёрии зиёд мерасонад, зеро бо ҳифзи вожаҳои арабӣ маънои онҳоро метавон аз худ кард. Дар дарки сухани бузургон низ ба ин ёрии басо зиёд мерасонад. Аммо бедонишӣ ин ба муҷиби кам хондану ҳифз накардан мебошад. Яке аз сабабҳои дар минбарҳо бо лакнат сухан гуфтан ва гум кардани сарриштаи фикр ҳам, бешубҳа, дар кам хондану дониши кам доштан аст ва вобаста ба тағйироти охир дар забони адабии имрӯзи тоҷикӣ, дар қисмати навиштории он, яъне хат баъзе тағйирот ба вуҷуд омадаанд, ки риоя кардани он ҳатмӣ аст. 
Сипас, Н Тӯйғунов, мудири кафедраи забони хориҷӣ, Х. Насриддинов, мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва М. Раҳмонов, мудири кафедраи забони тоҷикӣ дар қисмати мунозиравии дарс ба сухан баромада, фикрҳои худро баён намуданд. 
Дар охир сардори шуъбаи мониторинг ва идораи сифати таълими донишгоҳ А. Муллоҷонов роҷеъ ба рӯзмарра будани мавзуи муҳокимашаванда, зарурати ташкили дарсҳои кушод ва аҳамияту таъсири он ба боло бурдани сатҳу сифати дарсҳо ба раванди таълим сухан кард. 


Тағоймурод Эшзода