Хабарҳо
Таҳлили вазъи муосири соҳибкории инноватсионӣ
Тибқи нақшаи пешакӣ тартибдодаи шуъбаи мониторинг ва идораи сифати таълими донишгоҳ рӯзи 24 январи соли равон дар толори конфронсӣ дарси кушоди доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Парвиз Хоҷаев таҳти унвони «Вазъи муосир ва рушди соҳибкории инноватсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Профессор П. Хоҷаев дар ҷараёни дарс масъалаҳои вазъи муосири соҳибкории инноватсионӣ, омилҳои асосие, ки ба рушди соҳибкории инноватсионӣ таъсир мерасонанд ва дурнамои рушди соҳибкории инноватсиониро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, аз ҷумла қайд намуд, ки равандҳои инноватсионӣ на танҳо дар истеҳсолот, балки амалан ба тамоми ҷанбаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ таъсир мерасонанд.
Дар натиҷаи ин сохтори истеъмолӣ неъматҳои моддӣ ва ғайримоддӣ такмил ёфта, соҳаҳои нави фаъолияти ҳаётии одамон таъсис меёбанд. Инчунин, истеҳсолоти баланди технологӣ яке аз манбаъҳои асосии воридоти андози буҷаи давлатӣ мебошад. Айни замон саҳми маҳсулоти инноватсионӣ дар афзоиши ММД-и кишварҳои пешрафта, аз рӯи арзёбии гуногун, аз 75% то 100%-ро ташкил медиҳад. Имкониятҳои боиқтидории фаъолияти инноватсионӣ бояд дар системаи банақшагирии индикативӣ ва буҷетӣ ба инобат гирифта шаванд. Дар шароити гузариш ба иқтисодиёти бозорӣ мафҳуми соҳибкории инноватсионӣ аксар вақт бо истифодаи муваффақонаи донишҳо барои мақсадҳои тиҷоратӣ муттаҳид мешавад. Дар шароити муосир, соҳибкории инноватсионӣ қувваи ҳаракаткунандаи тағйирёбии иқтисодӣ ва баланд бардоштани ҳосилнокии ҳамаи омилҳои истеҳсолот мебошад.
Дар қисмати ҷамъбастии дарс мудирони кафедраҳои назарияи иқтисодӣ, фанҳои табиатшиносӣ, фанҳои гуманитарӣ ва фаъолияти гумрукӣ фикру ақидаҳои худро дар бораи ташкил ва баргузории дарси кушод гуфта, роҷеъ ба масъалаҳои низоми андоз ва андозбандӣ, ҳавасмандгардонии соҳибкории инноватсионӣ, механизмҳои худмаблағгузорӣ ибрози назар ва пешниҳодҳои мушаххас намуданд.
Дар охир сардори шуъбаи мониторинг ва идораи сифати таълими донишгоҳ А. Муллоҷонов фикру андешаҳои ҳозиринро ҷамъбаст намуда, бобати ҷанбаҳои муҳими гузаронидани дарсҳои кушод, семинарҳои методӣ ва нақшаҳои оянда тавсияҳои судманд дод.
Тағоймурод Эшзода