Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Муаллимӣ шуғл нест, муаллимӣ ишқ аст!

Муаллимӣ шуғл нест, муаллимӣ ишқ аст!

Санаи 25 январи соли равон дар толори конфронсӣ дарси кушоди дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ Убайдулло Сабуров таҳти унвони «Дарси кушодро чӣ гуна бояд дуруст гузаронд?» баргузор гардид, ки дар он устодон аз ҳамаи кафедраҳои донишгоҳ иштирок намуданд. 
Номзади илмҳои педагогика, дотсент У.Сабуров дар оғози дарс оид ба панҷ марҳалаи дарс дар макотиби олӣ, тайёрӣ ба дарси кушод, нақша ва шаклҳои тарзи гузаронидани дарсҳо, фарқи дарси кушод аз дарси намунавӣ, дар бораи интихоби мавзуъ ва кори пешакӣ бо аҳли синф муфассал маълумот дода, аз нигоштаҳои психологии педагоги машҳури Шӯравӣ, Шалва Александрович Амонашвилӣ мисолҳои фаровон овард. 
Сипас, дар қисмати музокиравии дарси кушод М. Зарипов, Қ. Ҳомидова ва С. Носиров ба сухан баромада фикру андешаҳои худро дар бораи шинохтани донишҷӯён аз нуктаи назари педагогӣ, ташхиси психологии синф, ҷараёнҳои таълимӣ ва методҳои истифодаи музояда баён намуданд. 

 Donsh400.jpg  Donsh400.jpg


Аз ҷумла, сардори шуъбаи табъу нашр, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент С. Носиров дар баромади худ қайд намуд, ки намоянда дар дарс бояд дар қисмати охири синфхона шинад, савол надиҳад ва ба ҷараёни дарс халал нарасонад. Зеро ҳар як дарс хусусияти хоси худро дорад. Бар замми ин, таҳлили дарсро ҳам ба рӯзи дигар набояд гузошт, чунки ин талаботи ягонаи педагогика аст. 
Дар охир А. Муллоҷонов, сардори шуъбаи мониторинг ва идораи сифати таълими донишгоҳ баромаду музокираи ҳозиринро натиҷагирӣ намуда, барои боз ҳам дар сатҳи баланд баргузор гаштани дарсҳо маслиҳатҳои судманд дод. 


Тағоймурод Эшзода