Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Як дарси хуб мазмуни як асарро дорад…

Як дарси хуб мазмуни як асарро дорад…

Санаи 28-уми январи соли 2022 дар толори конфронсии донишгоҳ лексияи кушод ва намунавӣ аз фанни педагогикаи мактаби олӣ барои магистрантони курси 1-ум баргузор гардид, ки дар он масъулини раёсати таълим, сардори шуъбаи мониторинг ва идораи сифати таълим, мудирони кафедраҳо, муовинони деканҳои факулететҳо ва устодони зиёде аз кафедраҳои донишгоҳ иштирок карданд. 
Дарсро н.и.п., дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ Носиров С.Ш. дар мавзуи «Дидактика ва нақши принсипҳои он дар таълим» бо истифода аз усулҳои таълими проблемавӣ тариқи слайд ва дигар васоити техникии таълим ташкил ва гузаронид. Дарс ҷиҳатҳои назариявӣ, методологӣ ва амалии мавзуъро фаро гирифта, муҳиммият ва аҳамиятнокии он бо мисолҳои мушаххас мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд. Аз ҷумла, қайд гардид, ки риояи талаботи принсипҳои дидактикӣ дар боло бурдани сатҳу сифати таълим нақши бузург доранд ва донистану риояи онҳо барои ҳар як устоди макотиби олӣ шарт ва зарур аст. 



 Donsh400.jpg  Donsh400.jpg


Лексияи кушод мазмуннок гузашт ва устод Носиров С. дар ҷамъбаст ба саволҳои зиёде посухҳои мушаххас гардонида, мушкилоти зиёди раванди таълимро, ки ба онҳо устодони донишгоҳ дучор меоянд, тариқи мисол шарҳу тавзеҳ дод. 
Дар таҳлили дарс мудири кафедраи молия, дотсент Давлатов Х., мудири кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ, дотсент Маъдиев С., мудири кафедраи фанҳои табиатшиносӣ, дотсент Улуғов О., устодон Махшулов Ҷ., Мираков Қ., Убайдов Ф., Сабуров У., Ашуров М. ва дигарон иштирок намуда, андешаҳои хешро бобати методҳои самараноки таълим, тарзи гузаронидани лексия-мубоҳиса, банду басти қисматҳои дарси макотиби олӣ, пайвастагии назария бо амалия, дар шогирдон бедор намудани ҳисси дар баҳс иштирок намудан, ки дар ҷараёни дарс дотсент Носиров С. бештар аз ин усулҳо моҳирона кор мегирифт ва ба ин минвол ҳам дарс шавқовартар мегашт, баён намуданд. 
Дар ин баробар пешниҳод гардид, ки устодони ҷавонро зарур аст, ки аз усули дарсгузарии дотсент С. Носиров бештар омӯзанд, то ки дар рафти машғулиятҳои хеш аз он самаранок истифода баранд ва сатҳу сифати таълимро боло бардоранд. Зеро мақсади омӯзиш ҳам танҳо дар ҳамин аст, ки дар қалби донишҷӯ ва пажӯҳишгар бедор намудани шавқу завқи донишомӯзӣ, дӯст доштани касби интихобнамуда ва тавассути он хизмат ба халқу Ватан, ки ҷавҳари мақсади пешгузоштаи ҳар яки моро дар зиндагӣ ташкил медиҳад. 
Дар анҷом А. Муллоҷонов, сардори шуъбаи мониторинг ва идораи сифати таълими донишгоҳ бо назардошти андешаҳои иброзгардида ташкил ва баргузории чунин дарсҳои самаранок ва омӯхтани таҷрибаи пешқадами устодони болаёқату соҳибтаҷрибаро ба манфиати кор шумурда, маслиҳат дод, ки омӯхтану дар ҷараён гузоштани чунин шеваи тадрис имкон медиҳад, то дар донишгоҳ дараҷаи баланди таълиму тарбия ба ҳам омезиш ёфта, ба рушди илму маърифат ва касбомӯзии толибилмон заминаи мусоид фароҳам орад. 


Раъно Ҳакимова