Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Барояд аз паси кӯҳ офтоб оҳиста - оҳиста

Барояд аз паси кӯҳ офтоб оҳиста - оҳиста

Сол то сол теъдоди довталабони дохилию хориҷӣ, ки орзуи таҳсил дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистонро доранд, меафзояд. Вобаста ба ин, роҳбарияти донишгоҳ тасмим гирифтааст, ки барои омодасозии мутахассисон дар равияи молия ва иқтисод бинои нави панҷошёнаро бо таҳхонааш бунёд намояд. Бояд қайд кард, ки хишти аввали ин биноро 27-уми августи соли 2020 ректори донишгоҳ Шукрулло Хайрзода гузошта буд ва сохтмони онро имрӯзҳо ширкати сохтмонии «Дилшод Company» ба уҳда дорад. 
Бинои мазкур дорои 96 синфхона барои 3000 хонанда буда, айни ҳол корҳои сохтмонӣ бо вусъати баланд пеш рафта истодаанд. Мусаллам аст, ки он дар муҳлати пешбинишуда ва бо сифати баланд ба истифода дода хоҳад шуд. 
Мутобиқи лоиҳа, дар бинои таълимӣ синфхонаҳои дарсӣ ва ҳуҷраҳои компютерии замонавию барҳаво, тахтаҳои электронӣ ҷой дода мешаванд. 
Бо бунёди бинои нави таълимӣ донишгоҳ имконияти бештари омоданамоии кадрҳои баландихтисоси соҳаи молия ва иқтисодро ба даст меорад. 

 Donsh400.jpg  Donsh400.jpg




Тағоймурод Эшзода