Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Маҷлиси ҳисоботи КИИ “Молия ва иқтисод”- и ҲХДТ дар донишгоҳ

Маҷлиси ҳисоботи КИИ “Молия ва иқтисод”- и ҲХДТ дар донишгоҳ

Рӯзи 2-юми феврали соли равон дар толори донишгоҳ бо мақсади ҷамъбаст намудани фаъолияти Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбӣ бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Зарина Файзуллозода ва раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Молия ва иқтисод” Шукрулло Хайрзода маҷлиси КИИ “Молия ва иқтисод” баргузор гардид. 
Дар кори маҷлис сараввал гузориши раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Молия ва иқтисод” Шукрулло Хайрзода оид ба фаъолияти КИИ дар соли гузашта шунида шуд. Мавсуф зимни гузориш қайд намуд, ки соли 2021 аз ҷониби КИИ «Молия ва иқтисод» як қатор корҳои назаррас ба анҷом расонида шуданд. Бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ баргузор кардани ин маъракаҳои муҳими сиёсӣ дар назди КИИ гурӯҳҳои таблиғотиву ташвиқотӣ, мобилӣ ва ташаббускор таъсис дода шуданд, ки сарбаландона вазифаашонро иҷро карданд. Ҳамчунин, ректори донишгоҳ илова доштанд, ки ҳоло КИИ «Молия ва иқтисод» 1257 аъзо дорад, ки аз ин шумора 350 нафар занон 250 нафар ҷавонон ва 70%-ро донишҷӯён ташкил медиҳанд. 

 Donsh400.jpg  Donsh400.jpg  Donsh400.jpg  Donsh400.jpg


Муовини ректор оид ба масъалаҳои байналмилалӣ Фирӯз Қодиров ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода дар баромади худ таъкид доштанд, ки имрӯз ҲХДТ зери роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садоқати худро ба арзишҳои соҳибихтиёрӣ, демократия, баробарҳуқуқӣ ва ошкорбаёнӣ эълон дошта, барои тараққиёти ҳамаҷонибаи Тоҷикистон тамоми тадбирҳои имконпазирро амалӣ мегардонад. Ҳадафҳои асосии барномавии ҳизб, ки ҳамчун ҳуҷҷати раҳнамо барои расидан ба ин ҳадафҳои бузург маҳсуб меёбанд, вазифаи ҳар як узви ҳизбро ҷиҳати рушди иқтисодиёт ва беҳбуди ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии кишвар муайян менамояд. 
Баъдан, аз рӯи рӯзномаи маҷлис нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Молия ва иқтисод” барои соли 2022 тасдиқ гардид. 
Дар интиҳо ба устодони донишгоҳ Бунавшамоҳ Қодирова, муовини ректор оид ба тарбия, Абдулло Давдатзода, сардори Раёсати корҳои тарбиявӣ, Фаридун Саидов, сардори шуъбаи кор бо ҷавонон, Шаҳбоз Маҷидов, корманди ҳизб сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ тақдим ва ба Умеда Холиқова, Бахтиёр Исвалиев, Манучеҳр Нуров ва Сафармад Сафарзода шаҳодатномаи узвияти ҲХДТ супорида шуд. 


Тағоймурод Эшзода