Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Вохӯрии судманд бо муассисаи шарики хориҷӣ

Вохӯрии судманд бо муассисаи шарики хориҷӣ

Рӯзи 3-юми январи соли равон дар доираи амалисозии Лоиҳаи грантии "Рушди ҳамкориҳои шабакавии байни донишгоҳҳо - омили баланд бардоштани сифати таълим ва рушди касбии ҳайати омӯзгорон" вохӯрии ректори ДДМИТ д.и.и. Шукрулло Хайрзода бо намояндагони муассисаи шарики хориҷӣ - ректори Донишгоҳи иқтисодии шаҳри Варнаи Ҷумҳурии Булғористон Евгени Петров Станимиров, мудири кафедраи маркетинги ин донишгоҳ Владимир Сашов Жечев ва корманди шуъбаи муносибатҳои байналмилалии ин муассисаи олии таълимӣ Валентина Димитрова Йорданова баргузор гардид. 
Нахуст ректори ДДМИТ Ш.Хайрзода ташрифи мушовирони хориҷии лоиҳаро ба донишгоҳ хайрамақдам гуфта, дар бораи ин муассисаи таҳсилоти олии касбии мамлакат мухтассар маълумот дод. 
Ба андешаи ректор, ДДМИТ зодаи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон буда, дар як муддати кӯтоҳ тавонист дар дохил ва хориҷи кишвар ба таври шоиста муаррифӣ гардад ва дорои дастоварду натиҷаҳои зиёди илмӣ шавад. Айни замон, донишгоҳ бо зиёда аз 120 муассисаву ташкилотҳои илмию фарҳангии мамлакат ва хориҷӣ ҳамкории густурдаро ба роҳ мондааст. Инчунин, дар асоси барномаҳо табодули донишҷӯён ба хориҷи кишвар аз донишгоҳҳои хориҷ ба донишгоҳи мо ба роҳ монда шудааст. 

 Donsh400.jpg  Donsh400.jpg  Donsh400.jpg  Donsh400.jpg


- Боиси ифтихор ва сарбаландист, ки тӯли 4 сол мешавад, ки ДДМИТ дар рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар сазовори ҷойи чорум мешавад, ки ин барои донишгоҳ дар байни зиёда аз 40 муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми баланд буда, барои устодон ва донишҷӯён мояи сарфарозист, - афзуд Ш. Хайрзода. 
Ректор, ҳамзамон дар бораи фаъолияти илмию тадқиқотӣ, омӯзиш ва таълим, фаъолияти байналмилалӣ, нақши сармоягузорӣ барои рушд ва таҳкими пояи моддию техникии донишгоҳ, сатҳи сифати таҳсилот ва донишазхудкунии донишҷӯён ва ғайра сухан ронд. 
Сипас, ректори Донишгоҳи иқтисодии шаҳри Варна Евгени Петров Станимиров аз пазироии самимӣ изҳори сипос намуда, ин вохӯриро баҳри таҳкими ҳамкориҳо муфид арзёбӣ намуд. 
Ба андешаи мавсуф, мақсади лоиҳаи «Рушди ҳамкориҳои шабакавии байни донишгоҳҳо - омили баланд бардоштани сифати таълим ва рушди касбии ҳайати омӯзгорон» - такмил додани сатҳ ва усули таълим тавассути такмили стандартҳо ва нақшаҳои таълимӣ, инчунин, баланд бардоштани иқтидори касбии ҳайати профессорон-омӯзгорон бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ ва таълимӣ тавассути ташкили шабакаи таълимии онлайн байни ду донишгоҳ (Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Данғара) мебошад. 
Дар охир ҷонибҳо аз натиҷаҳои ҳамкориҳои шабакавӣ миннатдорӣ баён намуда, барои дар оянда боз ҳам густариш бахшидании ин робитаҳо изҳори умедворӣ намуданд. 
Дар идома намояндагони муассисаи шарики хориҷӣ аз студияи таълимӣ, маркази такмили ихтисос ва китобхонаи илмӣ дидан намуда, барои омӯзгорону донишҷӯён тренинги омӯзишӣ доир намуданд. 
Лозим ба ёдоварист, ки ҳадафи аслии ташрифи меҳмонон сафари омӯзишӣ-таълимии намояндагон ба донишгоҳи шарик, ташкил ва баргузории курсҳо барои ҳайати профессорон-омӯзгорони донишгоҳ баҳри баланд бардоштани сатҳи касбӣ буда, аз ҷараёни он иловатан иттилоъ хоҳем дод. 


Наврӯз Ҷобиров