Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Пуштибонӣ аз сиёсати давлат

Пуштибонӣ аз сиёсати давлат

Аз рӯйи ҷадвали баргузории дарсҳои сиёсии тарбиявии тасдиқшуда дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар доираи масъалаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 21-уми декабри соли 2021 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида буд, бо иштироки васеи устодону донишҷӯён ва кормандон дарсҳои сиёсии тарбиявӣ баргузор мегарданд. 
Чунончи, рӯзҳои 2-юм ва 3-юми моҳи феврал оид ба нуктаҳои муҳими Паём мудири кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ, молиявӣ ва зиддикоррупсионӣ, дотсент Ҷ. Бобоев, сардори раёсати корҳои тарбиявӣ А. Давлатзода ва устоди кафедраи фаъолияти бонкии факултети молия ва қарз С. Махшулов дарс баргузор намуданд, ки дар он шумораи зиёди устодону донишҷӯён ва кормандон ширкат варзиданд. Иштироки фаъоли онҳо аз пуштибонии онҳо аз сиёсати хирадмандона ва сулҳпарваронаи роҳбари давлат дарак медиҳад. 

 Donsh400.jpg  Donsh400.jpg  Donsh400.jpg  Donsh400.jpg


Хотиррасон менамоем, ки гузаронидани чунин дарсҳои сиёсии тарбиявӣ то санаи 5-уми феврали соли равон идома меёбад, ки ин ҳама барои боз ҳам баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, сиёсӣ ва эҳтиром ба арзишҳои милии донишҷӯён такони бузурге хоҳад дод. 
Бояд гуфт, ки дар шароити ноустувори ҷаҳони муосир насли нав ва ҷавононро зарур аст, ки ба қадри озодӣ, тинҷию оромӣ ва истиқлоли давлатӣ расанд ва дар пешрафту шукуфоии кишвари азизамон саҳмгузор бошанд. 
Ишора менамоем, ки масъули баргузории ин гуна чорабиниҳои муҳим - дарсҳои сиёсии тарбиявӣ раёсати тарбияи донишгоҳ буда, дар ҳамаи дарсҳо намояндагони ин раёсат иштирок ва суханронӣ менамоянд. 


Тағоймурод Эшзода