Хабарҳо
Ҳадаф: расонидани моҳияти Паём
Дар доираи масъалаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, санаи 4-уми феврал дар факултети иқтисод ва бизнес дар чанд гурӯҳ бо иштироки устодону донишҷӯён ва кормандон дарси сиёсӣ-тарбиявӣ доир гардид.
Сайфулло Сафаров, профессори кафедраи фанҳои гуманитарии донишгоҳ зимни дарс дар мавзӯи «Муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар меҳвари Паёми Президент ба Маҷлиси Олӣ: ҳамкориҳо бо шарикони стратегӣ, ҳадафҳо ва роҳҳои татбиқи онҳо» баромад намуд. Ӯ, аз ҷумла зикр кард, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон бо 178 кишвари ҷаҳон робитаи дипломатӣ барқарор карда, узви фаъоли созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ гардид. Дар ин замина, муносибатҳои дӯстона ва ҳамкорӣ, пеш аз ҳама, бо ҳамсояҳои наздикамон - кишварҳои Осиёи Марказӣ, ҳамчунин, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар низоми муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистон мақоми хосса дорад.
Сунатулло Нуриддинов, мудири кафедраи иқтисоди корхонаҳо ва соҳибкорӣ дар навбати худ дар мавзуи «Саноатикунонии босуръати кишвар» бо донишҷӯён маърӯза намуда, иброз дошт, ки аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳонидан ва ба кишвари транзитӣ табдил додани мамлакат, инчунин таъмини истиқлоли комили энергетикӣ такони ҷиддӣ дар самти саноатикунонии кишвар аст.
Ҳангоми дарсе, ки Абдулло Давлатзода, сардори раёсати корҳои тарбиявӣ дар мавзуи «Муқовимат бо терроризм ва экстремизм» баргузор намуд, гуфт, ки хоинони миллат ва хоҷаҳои хориҷии онҳо то ҳанӯз аз нақшаҳои нопоку ғаразноки худ, ки ибтидои солҳои 90-ум доштанд, даст накашидаанд. Онҳо то ба ҳол аз хориҷи кишвар бо тамоми роҳу воситаҳо кӯшиш карда истодаанд, ки ҷомеаи моро ноором сохта, фарҳангу мазҳаби бегонаро ба сари мардуми мо таҳмил кунанд. Аз ин рӯ, мардуми шарифи Тоҷикистон, махсусан ҷавонони бонангу номуси кишвар бояд ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд.
Мо ҳамагон вазифадорем Паёми Пешвои миллатро омӯзем ва онро дар фаъолияти ҳамарӯзаи омӯзгорӣ сармашқи кори худ қарор диҳем, зеро он барномаи амалии ҳар як сохтор аст. Мақсад аз гузаронидани дарсҳои сиёсӣ-тарбиявӣ доир ба ташреҳи Паём ба донишҷӯён бошад, расонидани моҳияти ин ҳуҷҷати муҳими давлатӣ мебошад.
Тағоймурод Эшзода