Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Машғулияти омӯзишии мушовирони хориҷӣ ба устодону донишҷӯёни ДДМИТ

Машғулияти омӯзишии мушовирони хориҷӣ ба устодону донишҷӯёни ДДМИТ

Соли 2021 дар доираи шартномаи ҳамкорӣ байни ДДМИТ ва Донишгоҳи иқтисодии Варнаи Ҷумҳурии Булғористон ва дар асоси лоиҳаи «Рушди ҳамкориҳои шабакавии байни донишгоҳҳо - омили баланд бардоштани сифати таълим ва рушди касбии ҳайати омӯзгорон» як гурӯҳ устодони Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ба Донишгоҳи иқтисодии Варна - шарики хориҷӣ сафари омӯзишӣ анҷом доданд. 
Ин навбат, ректори Донишгоҳи иқтисодии шаҳри Варна профессор Евгений Петров Станимиров, мудири кафедраи маркетинги ин донишгоҳ Владимир Сашов Жечев ва корманди шуъбаи муносибатҳои байналмилалии ин муассисаи олии таълимӣ Валентина Димитрова Йорданова ба Тоҷикистон ташриф оварда, тӯли 2 рӯз - рӯзҳои 3-юм ва 5-уми феврали соли равон ба устодону донишҷӯёни ДДМИТ дар мавзуъҳои “Ташаккули афкори соҳибкорӣ дар байни донишҷӯён» ва «Идораи донишгоҳҳои иқтисодӣ дар шароити тағйирёбии иҷтимоӣ, демографӣ ва технологӣ» бо истифода аз таҷрибаи байналмилалӣ машғулияти омӯзишӣ доир намуданд. 
trl401.jpgНахуст, муовини ректори ДДМИТ оид ба робитаҳои байналхалқӣ Фирӯз Қодиров иброз намуд, ки ДДМИТ-ро дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун муассисаи таълимии пешрафтаи Тоҷикистон эътироф намудаанд. 
Ин аст, ки фаъолияти байналмилалии донишгоҳ асосан ба ворид шудан ба фазои ягонаи таҳсилот, ҷорӣ намудани меъёрҳои байналмилалии таҳсилот дар донишгоҳ, гирифтани аккредитатсияи байналмилалӣ, ташкили курсҳои бозомӯзӣ, ташкили таҳсилоти дудиплома ва фосилавӣ, инчунин баланд бардоштани нуфузи донишгоҳ дар арсаи байналмилалӣ равона гардидааст. 
Мушовирони хориҷӣ ҳангоми баргузории машғулиятҳо бо истифода аз слайд ва тахтаҳои электронӣ дар бораи афкори соҳибкорӣ, омӯзиши равандҳои муосири пешрафти кор, муносибатҳои илмии байни донишгоҳҳои иқтисодӣ дар замони пандемия ва таъсири КОВИД-19 дар пешрафти илмҳои иқтисодӣ, самтҳои асосии фаъолияти Донишгоҳи иқтисодии Варна, маблағгузориҳо ба донишгоҳҳои иқтисодӣ дар шароити ҳозира, роҳҳои бештар ҷалб намудани шумораи донишҷӯён ба донишгоҳҳо, “зеҳни сунъӣ”, мушкилиҳо ва пешравиҳои кадрӣ дар фаъолияти донишгоҳҳои олӣ табодули афкор сурат гирифт. 
Дар охир Фирӯз Қодиров ба мушовирон арзи сипос намуда, хостори дар оянда давом додани ҳамкориҳои судманд шуд. 
Лозим ба ёдоварист, ки дар ин тадбири судманд деканҳои факултетҳо, мудирони кафедраҳои тахассусӣ ва ғайритахассусӣ, инчунин доираи васеи донишҷӯён иштирок намуданд. 


Наврӯз Ҷобиров
Тағоймурод Эшзода