Хабарҳо
ДДМИТ ва намояндагони ВАО
8-уми феврали соли 2022. Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо иштироки доираи васеи намояндагони васоити ахбори омма нишасти мутбуотӣ доир гардид.
Дар оғоз ректори донишгоҳ Шукрулло Хайрзода, доктори илмҳои иқтисодӣ роҷеъ ба дастовардҳои навини донишгоҳ ба ҳозирин маълумот дода, фаъолияти устодону донишҷӯён ва кормандонро назаррас ва самарманд арзёбӣ кард. Аз ҷумла ишора кард:
- Боиси ифтихор аст, ки дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як нафар устоди ДДМИТ бо медали «Хизмати шоиста» ва як нафар бо Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ сарфароз гардонида шуданд.
Дар даври ҷамъбастии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» устоди кафедраи забонҳои хориҷии ДДМИТ Гулпарӣ Ҳусейнова аз рӯи номинатсияи «Хондан ва аз худ кардани осори адибони ҷаҳон» сазовори ҷойи аввал ва дар даври ниҳоии озмуни «Илм - фурӯғи маърифат» донишҷӯи курси 4-уми факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт Муҳаммадфирӯз Ҳасанов аз номинатсияи "Математика" соҳиби ҷойи дуюм гаштанд.
Ҳамзамон, дар олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ донишҷӯёни донишгоҳ аз фанҳои назарияи иқтисод ва таърих сазовори ҷойҳои якум шуданд.
Таҳсил дар донишгоҳ ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ сурат гирифта, се ихтисос аз аккредитатсияи умумиҷаҳонӣ гузаштааст, яъне донишгоҳ мутахассисони талаботи ҷаҳониро тайёр менамояд.
Имрӯз Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо Вазорати молияи Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Кумитаи гумруки Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷамъ зиёда аз 80 ташкилоту корхонаҳои шаҳрию ноҳиявӣ шартномаи ҳамкорӣ дорад.
Соли таҳсили гузашта 102 нафар донишҷӯ донишгоҳро бо Дипломи аъло хатм намуд. Баъди хатми донишгоҳ зиёда аз 60 фоизи онҳо кори муносиб пайдо намуда, фаъолияти пурсамар мебаранд.
Дар соли сипаришуда 24 нафар устоди донишгоҳ рисолаи илмии номзадӣ ва 1 нафар рисолаи докториро дар Шӯроҳои диссертатсионии дохил ва хориҷи кишвар дифоъ намуданд.
Бинои замонавии Литсейи иқтисодӣ-риёзӣ барои хонандагони болаёқат, ки дар назди донишгоҳ сохта шуда истодааст, айни замон дар он корҳо давом дошта, аз моҳи сентябри соли равон дари худро ба рӯйи мактабиёни синфҳои I - XI боз менамояд.
Хонандагон тариқи озмун қабул гардида, дарсҳо бо истифода аз шаклу усулҳои нави таълим гузаронида мешаванд. Ҳамзамон, омӯзгорони дорои сатҳи баланди касбӣ ба кор ҷалб карда мешаванд.
Зимни нишасти матбуотӣ намояндагони ВАО, ки шумораи зиёдро ташкил мекарданд, ба ректори таълимгоҳ вобаста ба самтҳои таълим, тарбия, корҳои илмию тадқиқотӣ, равобити байналмилалӣ, шарту талаботи таҳсили фосилавӣ, хоҷагидорӣ, вазъи хобгоҳҳо, сатҳи иҷтимоии устодону кормандон ва вазифаву нақшаҳои ояндаи роҳбарият пурсон шуда, посухҳои мушаххас ва қонеъкунанда гирифтанд.
Тағоймурод Эшзода