Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Паём - роҳнамои ҷавонон

Паём - роҳнамои ҷавонон

Рӯзи 5-уми феврал устодон ва кормандони факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт дар якҷоягӣ бо раёсати тарбияи донишгоҳ ба донишҷӯёни ин факултет дар доираи масъалаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарси сиёсию тарбиявӣ доир гардид. 
Ба донишҷӯён дотсент М. Ашуров дар мавзӯи “Ташаккули низоми иқтисодиву молиявӣ”, сардори раёсати тарбияи донишгоҳ А. Давлатзода дар мавзӯи “Муқовимат бо экстремизм ва терроризми байналмилалӣ аз масъалаҳои меҳвари низоми идоранамоии амнияти миллӣ”, дотсентон И. Неъматов ва П. Ғафуров дар мавзӯи “Инъикоси андешидани тадбирҳо бобати ташаккули низоми идоракунии иттилоотии молиявию иқтисодӣ дар доираи Паём”, П. Бобомуродов дар мавзӯи “Инъикоси масъалаҳои иқтисодӣ дар Паём: ҳадафҳо ва роҳҳои рушд” дарсҳо доир намуданд. 


Дар раванди дарсҳо вобаста ба аҳамияти Паём дар пешбурди фаъолияти рӯзмараи соҳаҳои алоҳидаи хоҷагии халқи мамлакат ва илму маориф сухан рафта, Паёми Пешвои миллатро ҳамчун дастур ва барномаи корӣ муаррифӣ намуданд. 

 Donsh400.jpg  Donsh400.jpg  Donsh400.jpg  Donsh400.jpg


Қобили қайд аст, ки танҳо тариқи илм ва маориф мо метавонем пешбурди ҷомеаро таъмин намоем ва ба муваффақиятҳо ноил гардем. Бинобар ин, дастурҳои Президенти кишвар хеле бамаврид буда, аз ҳамаи мо аҳли зиё дар амалисозии онҳо муносибати ҷиддиро тақозо менамояд. 


Тағоймурод Эшзода