Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Лексияи кушоди профессор Шариф Раҳимзода

Лексияи кушоди профессор Шариф Раҳимзода

9-уми феврали соли равон доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори кафедраи фаъолияти бонкии факултети молия ва қарз Шариф Раҳимзода дар мавзуи «Сиёсати пулӣ: моҳият ва тартиби пешбурди он» дарси кушод доир намуд. Дар дарс асосан донишҷӯёни курсҳои болоии ихтисосҳои кори бонкӣ, молия, молия ва қарз, бозори фондӣ, молия ва назорат дар соҳаи фаъолияти гумрук, донишҷӯёни ихтисосҳои дар донишгоҳ амалкунанда ва устодони кафедраҳои тахассусию умумидонишгоҳӣ фаъолона иштирок доштанд. 
Профессор Ш. Раҳимзода бо истифода аз слайд бо усули нави таълими замонавӣ маводи таълимиро фаҳмонида, роҷеъ ба сиёсати пулӣ ва моҳияти он маълумоти мушаххас дод. Махсусан, қайд намуд, ки 10 майи соли 1995 рубли тоҷикӣ ба муомилот ворид ва 30 октябри соли 2000 бошад, ба пули миллӣ ислоҳот дароварда шуда, нишонаи пули миллӣ иваз ва номи он ба сомонӣ табдил ёфт. Имрӯзҳо дар бозори ҷаҳонӣ савдо ва муомилот тариқи коғазҳои қиматнок сурат мегирад. Рушддиҳандаи иқтисодиёти ин ё он кишвар низ ҳамин коғазҳои қиматнок маҳсуб меёбанд. Мавсуф дар давоми лексия доир ба талаботу пешниҳоди молу маҳсулот дар бозори истеъмолӣ, сабабҳои поину болоравии нарҳҳо ва ҳиссаи пулҳои нақдиро дар муомилот низ қайд карда гузашт. 


 Donsh400.jpg  Donsh400.jpg


Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон, ки пешбурди сиёсати пулиро муайян мекунад, сухан гуфта, бо мақсади нигоҳ доштани сармоя зарур будани ҳисобдориро муҳим донист ва мафҳумҳои сиёсати пулӣ, қарзӣ, монетарӣ, сиёсати андозӣ, гумрук ва дигар мафҳумҳои соҳаи бонкдориро тафсир кард. 
Умуман, зимни дарс тамоми ҷанбаҳои сиёсати пулӣ, моҳият ва тартиби пешбурди он мавриди баррасӣ қарор дода шуд, ки аз ин донишҷӯёну устодон маънии зиёд бардоштанд. 
Дар ҷамъбасти дарс профессор Ш. Раҳимзода ба саволҳои устодону донишҷӯён ҷавобҳои қонеъкунанда гардонид. 
Дар музокира ва таҳлили дарс мудири кафедраи кори бонкӣ, дотсент Ғафуров Ғ., мудири кафедраи молия, дотсент Давлатов Х., дотсентон С. Махшулов, Х. Ахмедов ва дигарон баромад карданд. 
Дар охир А. Муллоҷонов, сардори шуъбаи мониторинг ва идораи сифати таълим муҳиммият ва аҳамиятнокии чунин дарсҳоро зикр намуда, лексияи кушоди профессор Ш. Раҳимзодаро ҳамчун намуна арзёбӣ кард. 


Тағоймурод Эшзода