Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Машғулияти кушоди варзишӣ

Машғулияти кушоди варзишӣ

Санаи 10-уми феврали соли равон дар майдони варзишии ДДМИТ дарси кушоди муаллими калони кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва мудофиаи гражданӣ Беҳруз Азизқулов бо донишҷуёни курси якуми факултети менеҷменг ва ҳуқуқи иқтисодӣ баргузор карда шуд, ки дар он сардори шуъбаи мониторинг ва идораи сифати таълими донишгоҳ А Муллоҷонов иштирок дошт. 
Мазмуну муҳтавои таълимии дарси тарбияи ҷисмонии мазкур ҷиҳати додани маълумоти назариявӣ ва тарзу усулҳои баргузор намудани машғулиятҳои футболи хурд вобаста ба корҳои амалӣ – ҷисмонии касбии донишҷӯён, таҳким бахшидан ба ташкили тарзи ҳаёти солими донишҷӯён дар шакли машғулиятҳои амалӣ ва ба роҳ мондани корҳои мустақилонаи донишҷӯён ифода меёфт. 
Вобаста ба ин, принсип ва методикаи омӯзиш ва таълими машғулияти тарбияи ҷисмонӣ ба таври содаю фаҳмо ва барои донишҷӯён дастрасу иҷрошаванда баргузор карда шуд. 
Дар ҷараёни дарс асоси талаботи илмию методии ташкил кардани машғулиятҳои таълимӣ, интихоби дурусти намуди варзиш, таъминоти шароит ва асбобу анҷомҳои варзишӣ, қоидаю омилҳои муҳимтарини таҳкимбахши қобилият ва сифатҳои ҷисмонии донишҷӯён дар назар дошта шуда, самаранок гузаронида шуд. 


Тағоймурод Эшзода